РОҲЗАНӢ ДАР БАҲР, дар ҳуқуқ и байнал хал қ ӣ дар баҳри кушод ғайриқонунӣ дастгир, ғорат ё ғарқ намудани киштиҳои тиҷоратӣ ва дигар киштиҳои гражданӣ аз тарафи киштиҳои шахсӣ ё давлатӣ. Дар вақти ҷанг ба киштиҳои тиҷоратии мамлакатҳои бетараф ҳуҷум овардани киштӣ, заврақҳои зериобӣ ва самолётҳои ҳарбӣ Роҳзанӣ дар баҳр дониста мешавад. Роҳзанӣ дар баҳр таърихан баробари ривоҷи баҳрнавардӣ пайдо шудааст. Масалан, дар Юнони Қадим Роҳзанӣ дар баҳр баробари савдои баҳрӣ яке аз роҳҳои сарватғундорӣ ҳисоб мешуд.
Дар асрҳои миёна роҳзанони баҳрӣ на фақат ба ғорат, балки ба дастгир кардани одамон, савдои ғуломон, ғорати шаҳру маҳалҳои соҳилӣ ва ғайра машғул мешуданд. Баъзан давлатҳо роҳзанонт баҳриро барои ҳукмрон шудан дар баҳр ва забт кардани заминҳои нав истифода мебурданд. Дар асри 17 Британияи Кабир ва Франсия роҳзанони баҳриро барои мубориза бо Испания ва забт кардани мустамликаҳо дар Аме¬рика истифода намудапд. Аз миёнаи асри 17 то нимаи дуюми асри 19 давлатҳои бузурги баҳрӣ Роҳзанӣ дар баҳрро қонунӣ гардонда, принсипӣ дар баҳри кушод озодона шино карданро халалдор мекарданд. Мувофиқи нормаҳои ҳуқуқи байналхалқии ҳозира киштиҳои роҳзан ва ҳайати онҳоро бояд ягон давлат ҳимоя накунад. Киштии роҳзанро дар баҳри кушод таъқиб кардан мумкин аст, дар сурати муқобилият нишон доданаш киштиҳои ҳарбии ҳар як давлат метавонанд онро ғарқ кунанд. Ҳайати ин гуна киштӣ таъқиб карда шуда, ҳамчун ҷинояткор ҷазо дода ва худи киштӣ мувофтқи қонунҳои давлатӣ дастгир ва мусодира карда мешавад. Солҳои интервенсияи зидди Испания (1936—1939) заврақҳои зериобии Италияю Германия, солҳои баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ чанкайшичиён (1953—1954) бо Роҳзанӣ дар баҳр машғул шуда, ба киштиҳои тиҷоратии давлатҳои гуногун ҳамла меоварданд. Нормаҳои ҳуқуқи байналхалқӣ дар масъалаи мубориза бар зидди Роҳзанӣ дар баҳр дар Конвенсияи Жене¬ва доир ба баҳрт кушод (1958) танзим шудаанд.