Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РОҲИ ТАРАҚҚИЁТИ ҒАЙРИКАПИТАЛИСТӢ

РОҲИ ТАРАҚҚИЁТИ ҒАЙРИКАПИТАЛИСТӢ

РОҲИ ТАРАҚҚИЁТИ ҒАЙРИКАПИТАЛИСТӢ, а) назарияи тараққиёти ҷамъиятиест, ки аз таълимоти марксизм-ленинизм бармеояд; б) яке аз шаклҳои револютсионии гузариш ба сотсиализм; в) шакли хоси табдили револютсияи озодихоҳии миллӣ ба револютсияи сотсиалистӣ.
Асосгузорони марксизм-ленинизм таъкид кардаанд, ки ҷамъият зим¬ин тараққиёти мунтазам ба таври объективӣ аз як сохт ба сохти дигар мегузарад, вале ин маънои онро надорад, ки халқу кишварҳои мухталиф ҳамаи форматсияҳоро ҳатман аз cap гузаронанд. Баръакс, онҳо метавонанд форматсияҳои муайяни иҷтимоию иқтисодиро аз cap нагузаронда ба сохти нави пешқдамтари ҷамъият дохил гарданд. К. Маркс ва Ф. Энгелс ба муқобили ҳамаи онҳое, ки имконияти Роҳи тарақиёти ғайрикапиталистиро инкор карда, аз тарафн халқҳою давлатҳо ногузир тай намудани ҳамаи форматсияҳои маълуми иҷтимоию иқтисодиро тарғиб мекарданд, мубориза мебурданд. К. Маркс ва Ф. Энгелс Роҳи тараққиёти ғайрикапиталистии халқҳои қафомондаро ба ду омил — ғалабаи пролетариати мамлакатҳои пешқадам ва ёрии ҳаматарафаи пролетариати ғолиб вобаста мекарданд.
В. И. Ленин таълимоти марксистиро оид ба Роҳи тараққиёти ғайрикапиталисти дар давраи нави таърихӣ инкишоф дод. В. И. Ленин
ба муқобили онҳое мебаромад, ки роҳи капиталистии тараққиётро ба¬рои ҳамои халқҳо ногузир мешумориданд. Дар давраи таърихие, ки Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ғалаба кард, масъалаи пролетариати ғолиб аҳамияти бевоситаи амалӣ пайдо кард,
В. И. Ленин омилҳои капитализмро аз cap нагузаронда ба сотсиализм гузаштани халқҳои қафомондаро муайян намуд.
Дурустии нуқтаҳои муҳими таъ¬лимоти классикони марксизм-ленинизмро роҷеъ ба назарияи Роҳи тарақиёти ғайрикапиталистӣ таҷрибаи таърихии инкишофи со-тмиалистии халқҳои Осиёи Миёнаю Қазоқистон, халқҳои майдаи Шимоли Советӣ ва Муғулистон ба куллӣ собит намуд. В. И. Ленин нишон до¬да буд, ки бидуни дигаргунсозиҳои ҳаматарафаи ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ пешрафти халқҳои қафомондаи гӯшаю канори Россияи подшоҳӣ бағоят душвор аст.
Маҳз ба туфайли ёрию дастгирии ҳаматарафаи халқҳои нисбатан тараққикарда, пеш аз ҳамаёрию даст¬гирии синфикоргари рус ва Давлати Советӣ халқҳои қафомонда дар муддати кӯтоҳтарини таърихӣ асоси индустриявии сохти нави ҷамъиятиро бунёд карданд, дар натиҷаи дигаргунсозиҳои васеи сотсиалистӣ тарзи ҳаёту уклади хоҷагии деҳотро ба куллӣ дигаргун сохтанд, дар асоси татбиқи плани кооперативии ленинӣ хоҷагиҳои шахсии деҳқониро ба коллективӣ табдил доданд. Дар натиҷаи дигаргунсозиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ҳаёти маънавии ҷамъият тағйир ёфт, бесаводии умум барҳам хӯрд, дараҷаи маълумоти омма ба-ланд гардид; муносибатҳои идеоло¬гӣ, психология, шуур ва тарзи фикру андешаронии халқҳои собид қа¬фомондаи Осиёи Миёна пайваста тағйир ёфтанд. Ҳоло халқҳои мазкур дар оилаи ягонаи давлати сермиллати сотсиалистӣ барои ба вуҷуд овардани заминаҳои моддӣ ва маънавии коммунизм ҷидду ҷаҳд карда, дилпурона пеш мераванд. Таҷрибаи ба сотсиализм гузаштани собид халқҳои қафомондаи мамлакатҳои озодгардида оинаи ибрат аст. Интихоби роҳи тараққиёт ба вазъи конкретии дар як мамлакат, таносуби қувваҳои синфию револютсионӣ ва заминаҳои моддию маънавӣ вобаста мебошад. Асоси иқтисодии Роҳи тараққиёти ғайрикапиталистии мамлакатҳои озодгардидаро сектори сусттараққикардаи иқтисодии давлатӣ, асоси иҷтимоии онҳоро оммаҳои васеи майдабуржуазӣ, табақаҳои миёнаи иҷтимоӣ, синфи коргари камшумор ва дигар отрядҳои нимпролетарӣ ва асоси сиёсии ин мамлакатҳоро ҳокимияти револютсионию демократӣ ташкил медиҳанд. Дар баробари ин шароитҳои объективии дохилии Роҳи тараққиёти ғайрикапиталистӣ бо таъсири бевоситаи муборизаи ду систе¬маи ҷамъиятии ҷаҳонӣ низ ташаккулу инкишоф меёбанд. Мамлакатҳои озодгардида аз ду роҳи тараққиёт — капиталистӣ ва сотсиалистӣ— бояд якеро интихоб намоянд.
Роҳи тараққиёт ва муносибатҳои капиталисти кишварҳои суст тараққикардаро аз қафомонию тобеияти иқтисодӣ бароварда, инкишофи босуръати онҳоро таъмнн карда наметавонад. Масъалаҳои рӯзмарраи иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии ин мамлакатҳоро танҳо дар роҳи тараққиёти сотсиалистӣ ҳал кардан мумкин аст. Барои ба Роҳи тараққиёти ғайрикапиталистӣ даромадани мамлакатҳои озодгардида ёрии ҳаматарафаи системаи ҷаҳонии со¬тсиализм аҳамияти калон дорад. Қувваҳои иртиҷоии дохилӣ бо ёрии ка¬питали хориҷӣ барои барқарору пойдор гардонидани муносибатҳои капиалистӣ кӯшиш мекунанд. Пеши роҳи ин гуна хурӯҷҳои контрреволютсиониро танҳо дар сурате гирифтан мумкин аст, ки фаъолияти оммаро ҳарҷониба қувват дода, мубориза баҳри озодии миллӣ бо мубориза барои озодии иҷтимоӣ пайваста пеш бур¬да шавад. Назария ва амалияи Роҳи тараққиёти ғайрикапиталистӣ ба таври баҳснопазир собит намуд, ки: а) нобаробарии тараққиёти иҷтимоию иқтисодии халққои қафомонда қонунияти форматсияҳои синфии антагонистӣ мебошад; б) ногузир аз cap гузарондани ҳамаи форматсияҳои маълуми таърихӣ ба¬рои ҳама халқу мамлакатҳо зарур нест; в) аз cap нагузаронидани давраи муайяни тараққиёт барои халқҳои қафомонда на истисно, балки қонунияти баҳснопазир аст; г) Роҳи тараққиёти ғайрикапиталистӣ на танҳо ба гузашта, балки ба ҳозира ва ояндаи тараққиёти сотсиа¬листии халқҳои қафомонда мувофиқ мебошад. Аз ин рӯ назарияи Р. Т. дорои аҳамияти байналхалқист.
Ад.: Маркс K.t Танқиди програм¬маи Гота, Маркс К. ва Энгелс Ф., Ас. мун., ч. 2, Д., 1965; Маркс К. ва Энгелс Ф., Мактубдо, Маркс К. ва Энгелс Ф., Ас. мун., ҷ. 2 Д., 1965; Шарипов И., Предпосылки преобразования общественных отношений в Таджикистане на пути некапиталистического развития, ч. I, Д., 1973.
И. Шарифов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …