Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Оҳанги “РОҲИ ҶОМАДАРОН”

Оҳанги “РОҲИ ҶОМАДАРОН”

“РОҲИ ҶОМАДАРОН” яке аз оҳангҳои қадимии мавсимию маросимиест, ки дар аҳди Сосониён ҳофиз, бастакор, навозандаи мумтоз Накисои Чангӣ тасниф намудааст. Маъхазҳои қадима маълумот медиҳанд, ки Накисои Чангӣ ин оҳангро барои Хусрави Парвиз эҷод карда аст. «Роҳи ҷомадорон» дар луғати «Бурҳони қотеъ» чунин маънидод шудааст: «Савтест аз таснифоти Накисои Чангӣ. Гӯянд ин савтро чунон навохт, ки ҳуззори маҷлис ҳама ҷомаҳо бар тан пора-пора карданд ва мадҳуш гардиданд. Бинобар ин бадин ном машҳур шуд». Шоире фармудааст:
Мутриб ба навои раҳи мо бехабарон зан,
Мо ҷома даронем «Раҳи ҷомадарон» зан.
2) Гӯшаест дар таркиби шӯъбаи «Баёти турк» ва «Мақоми Шӯр» («Ҳафтмақом», «Ҳафтдастгоҳ»-и эронӣ), ки пас аз гӯшаи «Хусравони» ва пеш аз «Маҳди Заробӣ» воқеъ аст.
Шӯъбаест дар дохили мақоми «Чоргоҳ» (эронӣ), ки пас аа «Фуруди Ҳумоюн» ва пеш аз «Ранги Фа¬рад» воқеъ аст.
А. Раҷабов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …