Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Аҳамияти умумиҷаҳонӣ-таърихии Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр.

Аҳамияти умумиҷаҳонӣ-таърихии Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр.

Револютсияи Октябр аз револютсияҳои пешин ба куллӣ фарқ дорад. Вай дар таърих бори аввал ҳокимияти капиталистон ва помешиконро сарнагун сохт, диктатураи пролетариатро барқарор намуд, капитализмро дар Россия барҳам зад, аз тарафи одам истисмор шудани одам, зулми иҷтимоӣ ва миллиро нест кард, ба сӯи сохтмони сотсиализм ва коммунизм роҳ кушод. Илҳомбахш ва ташкилотчии Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр, Партияи коммунистӣ бо сардории Владимир Илич Ленин буд, ки вай ҳаракати умумидемократиро барои сулҳ, ҳаракати демократии деҳқононро ба-рои замин, ҳаракати миллӣ-озодихоҳонаи халқҳои мазлумро барои баробарҳуқуқии миллӣ ва ҳаракати сотсиалистии пролетариатро барои сарнагун кардани буржуазия ва барқарор намудани диктатураи пролетариат моҳирона ба ҳам пайваст ва ба маҷрои ягонаи револютсионӣ равона кард. Қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи револютсия пролетариати Россия буд. Партия иттифоқи синфи коргар ва деҳқонони камбағалтаринро ташкил намуд, ки он дар мубо-риза барои револютсияи сотсиалистӣ қувваи азим гардид.

r-kabiri-oktyabr

Барои ғалабаи музаффаронаи Октябр ҳаракати пурзӯри коргарӣ ва умумидемократӣ дар Ғарб ва Шарқ, ҳусни таваҷҷӯҳи зиёд ва тарафдории фаъолонаи коргарон ва тамоми меҳнаткашони ҷаҳон аҳамияти бағоят калон дошт.

Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр фронти империализми байналхалқиро рахна кард, дар таърихи инсоният за-мони нав — замони таназзули капитализм, тантанаи сотсиализм ва коммунизмро кушод. Ғалабаи Револютсияи Октябр дар тақдири инсоният ва таърихи башарият маънои табаддулоти қатъиро дошт. Ҷаҳон ба ду системаи ба ҳам муқобил — сотсиализм ва капитализм тақсим шуд: кризиси умумии капитализм амиқтар гардид. Револютсияи Октябр  дар мамлакатҳои капиталистӣ давраи револютсияҳои пролетарӣ, дар мамлакатҳои мустамликавию мутеъ давраи револютсияҳои миллии озодихоҳиро ку-шод. Рев. социалистй дар Россия маъ-нои тантанаи идеяҳои марксизМ-ле-нинизмро дошт. Давлати Советии со-циалистӣ, ки онро Октябри Аъзам ба арсаи вуҷуд овард, қувваи бузурги рӯҳбахши халқҳои дунё дар мубориза барои сулҳ, демократия ва сотсиализм гардид. Таҷрибаи Револютсияи Ок-тябр нишон дод, ки меҳнаткашон танҳо ба туфайли револютсияи сотсиалистӣ ва барқарор карда шудани диктатураи пролетариат бо роҳбарии Партияи коммунистӣ ба сотсиализм омада метавонанд. Таҷрибаи Револютсияи Октябр ба он далолат мекунад, ки қонуниятҳои аз капитализм ба сотсиализм гузаштан барои ҳамаи мамлакатҳое, ки роҳи сотсиалистии тараққиётро пеш гирифтаанд ва ё ба ин роҳ рафтанианд, сарфи назар аз хусусиятҳои хоси миллию таърихиашон ҳатмианд. Револютсияи Октябр бунёди сотсиализмро гузошта, роҳи тантанаи сулҳ, меҳнат, озоди, адолат, баробарӣ, бародарӣ ва хушбахтии тамоми инсониятро нишон дод.

Адабиёт: Л е н и н Владимир Илич, Асарҳо ҷилди 26, 26. 20; Каримов Т., Муборизаи меҳнатнашон барои барпо намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ, Сталинобод, 1957; Макашов А. В., Партави Октябр дар Бухоро, Душанбе 1060; Очеркҳои таърихи Партияи Коммунистии Тоҷикистон, Душанбе, 1(060; Ғалабаи Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон, Душанбе, 1974; Б е л и н о в Т. Н„ Великая Октябрьская социалистическая революция. Краткий исторический очерк, Москва„ 1054; Очерки истории Коммунистической партии Туркестана, Москва„ 1050; История таджинского народа, том 3. книга 1, Москва, 1064; История Таджик-ской Сосветской Социалистической  Республики, Душанбе, 1966; История коммунистических организаций Средней Азии, Ташкент, 1967; Победа Великой Октябрьской социалистической революции и решение аграрного вопроса в Таджикистане, часть 1, Душанбе„ 1968; Очерки истории Коммунистической партии узбекистана, Ташкент, 1974; Минц И. И„ История Великого Октября, том 1—4, Москва, 1977—70; Очерки истории Коммунистической партии Туркестана, часть 2. Ташкент, 1950.  Т. Каримов, Ҳ. Дустов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …