Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / Ахамияти умумичахони-таърихии Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр.

Ахамияти умумичахони-таърихии Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр.

Револютсияи Октябр аз револютсияхои пешин ба кулли фарк дорад. Вай дар таърих бори аввал хокимияти капиталистон ва помешиконро сарнагун сохт, диктатураи пролетариатро баркарор намуд, капитализмро дар Россия бархам зад, аз тарафи одам истисмор шудани одам, зулми ичтимои ва миллиро нест кард, ба суи сохтмони сотсиализм ва коммунизм рох кушод. Илхомбахш ва ташкилотчии Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр, Партияи коммунисти бо сардории Владимир Илич Ленин буд, ки вай харакати умумидемократиро барои сулх, харакати демократии дехкононро ба-рои замин, харакати милли-озодихохонаи халкхои мазлумро барои баробархукукии милли ва харакати сотсиалистии пролетариатро барои сарнагун кардани буржуазия ва баркарор намудани диктатураи пролетариат мохирона ба хам пайваст ва ба мачрои ягонаи револютсиони равона кард. Кувваи асосии харакатдихандаи револютсия пролетариати Россия буд. Партия иттифоки синфи коргар ва дехконони камбагалтаринро ташкил намуд, ки он дар мубо-риза барои револютсияи сотсиалисти кувваи азим гардид.

r-kabiri-oktyabr

Барои галабаи музаффаронаи Октябр харакати пурзури коргари ва умумидемократи дар Гарб ва Шарк, хусни таваччухи зиёд ва тарафдории фаъолонаи коргарон ва тамоми мехнаткашони чахон ахамияти багоят калон дошт.

Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр фронти империализми байналхалкиро рахна кард, дар таърихи инсоният за-мони нав — замони таназзули капитализм, тантанаи сотсиализм ва коммунизмро кушод. Галабаи Револютсияи Октябр дар такдири инсоният ва таърихи башарият маънои табаддулоти катъиро дошт. Чахон ба ду системаи ба хам мукобил — сотсиализм ва капитализм таксим шуд: кризиси умумии капитализм амиктар гардид. Револютсияи Октябр  дар мамлакатхои капиталисти давраи револютсияхои пролетари, дар мамлакатхои мустамликавию мутеъ давраи револютсияхои миллии озодихохиро ку-шод. Рев. социалистй дар Россия маъ-нои тантанаи идеяхои марксизМ-ле-нинизмро дошт. Давлати Советии со-циалисти, ки онро Октябри Аъзам ба арсаи вучуд овард, кувваи бузурги рухбахши халкхои дунё дар мубориза барои сулх, демократия ва сотсиализм гардид. Тачрибаи Револютсияи Ок-тябр нишон дод, ки мехнаткашон танхо ба туфайли револютсияи сотсиалисти ва баркарор карда шудани диктатураи пролетариат бо рохбарии Партияи коммунисти ба сотсиализм омада метавонанд. Тачрибаи Револютсияи Октябр ба он далолат мекунад, ки конуниятхои аз капитализм ба сотсиализм гузаштан барои хамаи мамлакатхое, ки рохи сотсиалистии тараккиётро пеш гирифтаанд ва ё ба ин рох рафтанианд, сарфи назар аз хусусиятхои хоси миллию таърихиашон хатмианд. Револютсияи Октябр бунёди сотсиализмро гузошта, рохи тантанаи сулх, мехнат, озоди, адолат, баробари, бародари ва хушбахтии тамоми инсониятро нишон дод.

Адабиёт: Л е н и н Владимир Илич, Асархо чилди 26, 26. 20; Каримов Т., Муборизаи мехнатнашон барои барпо намудани Хокимияти Совети дар Точикистони Шимоли, Сталинобод, 1957; Макашов А. В., Партави Октябр дар Бухоро, Душанбе 1060; Очеркхои таърихи Партияи Коммунистии Точикистон, Душанбе, 1(060; Галабаи Хокимияти Совети дар Точикистон, Душанбе, 1974; Б е л и н о в Т. Н„ Великая Октябрьская социалистическая революция. Краткий исторический очерк, Москва„ 1054; Очерки истории Коммунистической партии Туркестана, Москва„ 1050; История таджинского народа, том 3. книга 1, Москва, 1064; История Таджик-ской Сосветской Социалистической  Республики, Душанбе, 1966; История коммунистических организаций Средней Азии, Ташкент, 1967; Победа Великой Октябрьской социалистической революции и решение аграрного вопроса в Таджикистане, часть 1, Душанбе„ 1968; Очерки истории Коммунистической партии узбекистана, Ташкент, 1974; Минц И. И„ История Великого Октября, том 1—4, Москва, 1977—70; Очерки истории Коммунистической партии Туркестана, часть 2. Ташкент, 1950.  Т. Каримов, Х. Дустов.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …