Маълумоти охирин

РЮРИК

РЮРИК, мувофиқи ахбори таърихномаҳои рус, сардори дастаи ҳарбии варягҳо, ки гӯё ҳамроҳи бародаронаш Синеус ва Трувор барои князи Новгород шудан славянҳои Илмен даъват карда оварда будаанд. Рюрик асосгузори сулолаи князҳои рус, аз ҷумла князҳои кабири Киев, Владимир, Москва ва шоҳони руси асрҳои 9—16 (охирин намояндаи ин хонадон шоҳ Фёдор Иванович) ба ҳисоб меравад. Баъзе хонадонҳои дворянин пеш аз асри 20 низ ба сулолаи Рюрикҳо нисбат доштанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …