Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛАИ САРГУЗАШТ»

«РИСОЛАИ САРГУЗАШТ»

«РИСОЛАИ САРГУЗАШТ», асари тарҷумаиҳолиест дар боби рӯзгори Абуалии Сино, ки ба қалами шогирди ӯ Абдулвоҳид Абӯубайди Ҷузҷонӣ мансуб аст; солҳои 1037—38 ба забони арабӣ таълиф шудааст. «Рисолаи саргузашт» аз ду қисм иборат аст. Қисми аввал имлои Ибни Сино, қисми дуюм нақли худи Ҷузҷонӣ аст. Дар «Рисолаи саргузашт» зодгоҳ, падару модар, бародар, устодону шогирдон, дӯстону ҳамкорон, фаъолияти илмию адабӣ ва тиббӣ, марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ, ҳусни зоҳиру ботин, қуввату мизоҷ, сиҳатию беморӣ ва маргу мадфани Абуалӣ баён ёфтаанд. «Рисолаи саргузашт» доир ба омӯзиши аҳволу аъмол ва осори Абӯалии Сино ягона манбаи мукаммал ва сазовори истинод аст, зеро муаллифи он Ҷузҷонӣ дар тӯли 25 сол ҳамроҳи ӯ буда, аз ҷузъиёти зиндагониаш огоҳӣ дошт. Матни «Рисолаи саргузашт” тавассути «Татимат Сивон-ул-ҳикма»-и Байҳақӣ, «Таърих- ул-ҳукамо»-и’Қифтӣ ва «Уюн-ул-анбо .фит-табақот-ил-атиббо»-и Ибни Усайбиа дастрас шудааст. Матни дар «Таърих-ул-ҳукамо» омадаи «Рисолаи саргузашт» нисбатан мухтасар ва ноқис аст. «Рисолаи саргузашт» ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ (русӣ, немисӣ, лотинӣ ва ғайра, тарҷума ва нашр шудааст.
Адабиёт: А б ӯ а л ии С и н о, Осори мунтахаб, Душанбе, 1980; ҳамон муаллиф, Избранные философские произведения, Москва, 1980; Султонов М., Аҳамияти рисолаи «Саргузашт» дар омӯзиши аҳвол ва осори Ибни Сино, Душанбе, 1980. Ӯ. Олимов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …