Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛАИ МУСИҚӢ»

«РИСОЛАИ МУСИҚӢ»

«РИСОЛАИ МУСИҚӢ» асари илмиест доир ба мусиқӣ. Дар Бухоро таълиф шудааст. Муаллифаш номаълум. Аз муқаддима ва чор фасл иборат аст. Муқаддима тафсири мусиқӣ ва таърихи пайдоиши мақомҳоро дар бар мегирад. Фасли аввал «Дар баёни 12 мақом, 24 шӯъба ва 6 овоза» аст. Фасли дуюм («Дар баёни созҳо») доир ба созҳои мусиқӣ — танбӯр, чанг, най, қонун, барбат, рубоб, қобуз, руд, ғижжак, самома (шамома), рӯҳафзо, арғунун ва давраи пайдоиши онҳо маълумот медиҳад. Фасли сеюм «Дар баёни навоҳои мусиқӣ» ном дошта, дар хусуси оҳангу таронаҳои қадимии форс-тоҷик — «Ҷомадарон», «Роҳи хоркаш», «Хусравонӣ», «Роҳи Шабдиз», «Роҳи гул», «Раҳовӣ» ва ғайра баҳс мекунад, инчунин дар бораи Кавкабии Бухороӣ ва таълифоти мусиқиаш маълумот медиҳад. Дар фасли чорум зимни таҳлили мақомҳону сайри таърихии онҳо чанде аз таснифоти Кавкабӣ ва матни мақомҳо зикр шудаанд. Як нусхаи ин рисола дар захиран дастнависҳои Институти шарқшиносии Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон таҳти рақами 171/1 маҳфуз аст. А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …