Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / «РИСОЛА ДАР БАЁНИ ДУВОЗДАҲМАҚОМ»

«РИСОЛА ДАР БАЁНИ ДУВОЗДАҲМАҚОМ»

«РИСОЛА ДАР БАЁНИ ДУВОЗДАҲМАҚОМ» рисолаи мусиқӣ, ба қалами Хоҷа Абдурраҳмон ибни Сайфуддини Ғазнавӣ мансуб буда, охири асри 16 ва ибтидои асри 17 таълиф шудааст. Муаллиф аз хусуси илми мусиқӣ ва он чӣ аз таълифоти пешиниён омӯхтааст, маълумот медиҳад ва чанд ривоят аз ҳавти Пифагор (Файсоғурс) меорад. Инчунин дар хусуси танзими сози мусиқии уд, пайдо шудани 7 мақом, дар асри 13 ба 12 расидани адади мақомҳову нисбати онҳо ба бурҷҳои осмонӣ, илова шудани 24 шӯъбаю 6 овоза ва тартиби ҷойгиршавии онҳо дар мақомҳо, тавсифи ин таркибот аз назари Кавкабии Бухороӣ (дар назм), дар чанд парда иҷро шудани мақомҳо шарҳ ёфтааст. Дар хотимаи рисола масъалаҳои назариявӣ, бадеӣ ва эстетикии мусиқӣ, яъне мавқеи он дар такомули дунёи маънавии инсон мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Нусхаи мукаммали рисола дар Китобхонаи давлатии Теҳрон маҳфуз аст. А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …