Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РИГВЕДА

РИГВЕДА

РИГВЕДА [«Китоби сурудҳо») маҷмӯаи сурудҳои мутантан (гимнҳо) -и динию фалсафии ҳиндутони бостонӣ, қадимтарин ва муҳимтарин қисмати Ведаҳо; Ригведа нахустин асари адабиву таърихӣ буда, барои омӯхтани таъриху асотири қабилаҳои ориёни, ҳиндувони қадим сарчашмаи пурбаҳоест. Эҳтимол меравад, ки сурудҳои Ригведа то асри 10 пеш аз милод дар байни қабилаҳои ориёнӣ ташаккул ёфтаанд; бешубҳа, баъзе сурудҳои Ригведа ба давраи қадимтар — миёнаи ҳазораи 2-юми пеш аз мелод мутааллиқанд. Ригведа 1028 гимнро дар бар мегирад, ки онҳо ба 10 китоб ё силсила (мандала) тақоим шудаанд. Қадимтарин китобҳои Ригведа китобҳои 2—7 мебошанд. Таълифи онҳо ба як нажоди руҳониён нисбат дода мешавад (муаллифи ягонаи ин ё он суруди Ригведа таъин нагардидааст).
Дар сурудҳои Ригведа эзидони қабилаҳои ориенӣ васф шудаанд. Онҳоро рӯҳаниён ҳангоми маросимҳои гуногуни динӣ, аз ҷумла қурбонӣ овардан мехонданд. Дар баъзе маросимҳои ҳозираи ҳиндӣ (тӯй, ҷаноза ва ғайра) сурудҳои Ригведа истифода мешаванд. Сарвари эзидон дар Ригведа эзиди раъду барқ Индра аст, ки ба ориёниҳо дар мубориза ба муқобили аҳолии таҳҷояи Ҳиндустон ёвар буд. Эзидони дигари дар Ригведа васфшуда Агни — эзиди оташ, нигаҳдорандаи оташи фурӯзон дар хонадон, Сома — мушаххаси нӯшокии муқад- дасест, ки аз афшураи растании ҳамноми он тайёр карда мешуд, Су- рйа — офтоб, Вайу — бод, Ушас — шафақ ва ғайра мебошанд; ин образҳо инъикоси аввалин марҳилаҳои эҷодиёти асотирианд. Аз Ригведа бармеояд, ки ориёниҳои қадим дарёҳо, растаниҳо ва рӯҳи ҳодисоти гуногуни табиатро ба сурати худоӣ дароварда, ба онҳо саҷда мекарданд.
Қисме аз сурудҳои Ригведа бо маросими ибодату ситоиши эзидон алоқаманд неставд. Масалан, баъзе сурудҳои космогонии китоби 10-уми Ригведа мазмуни фалсафӣ дошта, шоҳиди оғози инкишофи афкори фалсафии Ҳинди Қадиманд. Тақрибан 20 суруди Ригведаро, қи ба шакли муколама (диалог) сохта шудаанд, муҳаққиқон оғози адабиёти драматургӣ мешуморанд.
Ригведа асари бадеист, ки дар зимни анъанаи қадими эҷоди бадеӣ, аз тарафи шоирони—бомаҳорат офарида шудааст. Он бо ҳунари баланди шоирона, истифодаи моҳиронаи воситаҳои бадеӣ ва забони фасеҳ эҷод гардидааст. Аксар сурудҳои Ригведа (сурудҳо дар васфи Ушас, «Суруди офариниш» — суруди космологӣ дар бораи пайдоиши замину оомону ситораҳо ва ғайра) қимати баланди бадеӣ доранд. Аҳамияти Ригведа дар омӯзиши асотири қадимтарини халқҳои Шарқ, инчунин асотири мабдаии ҳиндуевропоӣ, хеле зиёд аст. Дар миёнаи асри 19 материалҳои Ригведа ба инкишофи мифологияи муқоисавӣ замина шуданд (назарияҳои М. Мюллер Р. Рот ва дигар).
Ригведа ба Авесто (хусусан «Яштҳо» ва Готҳо) аз ҷиҳати забон, мазмуну мундариҷа ва асотир қаробат дорад. Муҳаққиқони европоӣ кӯшидаанд, матвҳои авестоиро ба санскрипти ведоӣ тарҷума намуда, ин ду забонро дар муқоиса биомӯзанд
Аксар образҳои асотирии Ригведа ва Авесто аз рӯи ном, тарзи навишт ва аъмол, сюжети сурудҳо муштараканд [Йима писари Виваҳвант (Ҷамшед), Апам Напат (эзиди об, «набераи об»), Бата (эзи- ди бод), Веретрағна (эзиди зӯру тавонои, раъду барқ, Баҳром)]. Ҷиҳат- ҳои муштараки устураи Ҳаома (дар забони ведоӣ Сома)-и Ригведа ва Авесто ҷолиби диққатанд. Ин устура дар Ригведа дар китоби 9-ум дар Авесто («Ясно»-и 9-ум) омадааст. Муқаддас будани ин растанӣ, русуми тайёр кардани нӯшокӣ аз он ва истифодаи ин нӯшокӣ дар ҳар ду асар тақрибан ба як маром тасвир гардидааст.
Гумон меравад, баъзе образҳои Ригведа ва юнонӣ (Дйаус — Зевс, Ушас —Эос), инчунин устураҳои халқҳои дигари ҳиндуевропоӣ дар як заминаи муштарак ташаккул ёфтаанд.
Нашр: Ригведа. Избранные гимны,
Москва, 1972.
Адабиёт: Э р м а н В. Г.. Очерк истории ведийской литературы, Москва, 1980.
М. Диловаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …