РИФЪАТӢ Авазмуҳаммадхони Қубодиёнӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (асри 16).’ Аввал дар Балх, сипас дар Қундузи Афғонистон касби камол кардааст. Шоири хушсухану баландтабъ ва дар ғазал ҳунарманд будааст. Тазкиранависон ба ғазалиёти Рифъатӣ баҳои баланд додаанд.