Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РИД Томас Майн

РИД Томас Майн

РИД Томас Майн (4. 4. 1818, Баллирони, Ирландия—22. 10. 1883, Лондон), нависандаи англис. Писари роҳиб. Соли 1838 ба Штатҳои Муттаҳидаи Америка сафар карда, бо журналистика машғул гардид. Соли 1849 ба Европа баргашт. Воқеоти ҷанги Америка ва Мексика (1846 — 48), ки худ иштирокчии он буд, муқобилияти шуришгарони мексикоиро зидди америкоиёни истилогар дар романи «Тирандозони озод» (1850) тасвир намудааст. Солҳои 50 беҳтарин романҳои саргузаштию моҷароии Рид дар мавзӯи муборизаи мардуми ҷабрдидаи Америка офарида шудаанд. Саҳнаи даҳшатоварӣ савдои ғуломон дар романи «Квартеронка» (ҷилдҳоя 1—3, 1856) тасвир гардидааст. Рид бо меҳру ҳамдардӣ аз муборизаи ҳиндиҳо бар зидди сафедпӯстони истилогар сухан меронад (романҳои «Пешвои сафедпӯст», ҷилдҳои 1—3, 1855; «Осеола, пешвои семинолҳо», 1858). Дар чанде аз романҳои Рид олами набототу ҳайвоноти Осиё, Африка, Америка мавриди тасвир қарор гирифтааст. Романи моҷароии детективии «Савораи бесар» (ҷилдҳои 1—2, 1866; тарҷумаи- тоҷикӣ. 1970) –тасвири релистии зиндагӣ маишат ва ахлоқи -сокинони Техас- ро дар бар мегирад. Оҳангу мавзӯоти моҷароӣ ва саргузаштӣ дар ро- манҳои солҳои 70 офаридаи Рид низ мавқеи муҳимме доранд. Пайравӣ ба анъанаҳои гуманистӣ, сюжетҳои шавқовари романҳои Рид ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ овардаанд.
Основание.: Сочинение, том 1—6, 1956—58; Савораи бесар, Душанбе, 1976.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …