Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕСПУБЛИКАИ ХАЛҚИИ СОВЕТИИ ХОРАЗМ (РХСХ)

РЕСПУБЛИКАИ ХАЛҚИИ СОВЕТИИ ХОРАЗМ (РХСХ)

rxx

РЕСПУБЛИКАИ ХАЛҚИИ СОВЕТИИ ХОРАЗМ (РХСХ), республикаи советиест дар Осиёи Миёна, ки солҳои 1920—24 вуҷуд дошт. Республикаи Халқии Советии Хоразм феврали 1920 дар натиҷаи ғалабаи револютсияи халқии зиддиимпериалистӣ, ки онро қисмҳои Армияи Сурх дастгирӣ карда буданд, дар территорияи хонии Хева ташкил ёфт. Масоҳаташ тақрибан 62,2 ҳазор километр3, аҳолиаш зиёда аз 600 ҳазор нафар буда, онро асосан ӯзбекҳо, туркманҳо, қа- роқалпоқҳо, тоҷикон ва ғайра ташкил медоданд. Республикаи Халқии Советии Хоразм РХСХ бо Республикаи Халқии Советии Бухоро ва Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Туркистон ҳамҳудуд буд. Пойтахташ шаҳри Хева. Ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар Туркистон ба оммаи меҳнаткаши хонии Хева таъсири калон бахшид. Аввали соли 1919 дар Петроалександровск (ҳозира шаҳриТӯрткӯл) аввалин гурӯҳи коммунистни Хева ба вуҷуд омад. Ноябри 1919 меҳнаткашони Хева бо роҳбарии коммунистон шӯриш бардоштанд. Дар тайёр намудани револютсия ба револютсионерони Хева Партияи Коммунистии Туркистон, Комиссияи туркистонии Комитети Иҷроияи Марказии Умумироссия, Совети Комиссарони Халқи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР ва Комитети Марказии Российская Коммунистическая Партия (большевиков) (б) кӯмак карданд. Ҳукумати Советӣ бо хоҳиши револютсионерони Хева ва бо мақсади хотима гузоштан ба ҳамлаҳои моҷароҷӯён ба Туркистони Советӣ дар муборизаи халқи Хева ба муқо- били Ҷунайдхон ёрии ҳарбӣ расонд. Қисмҳои Армияи Сурх якҷоя бо отрядҳои револютсионии Хева аввали феврали 1920 қувваҳои аксулинқилобии Ҷунайдхоеро торумор карданд. 2 феврали 1920 дар шаҳри Хева митинги оммавӣ барпо гардид. Бо талаби халқ хони Хева Саид Абдуллоҳ аз тахт даст кашид. Ҳокимият ба ихтиёри Комитети муваққатии револютсионӣ гузашт.
Хева кишваре буд нисбат ба Туркистон ақибмонда. Бинобар ин дар давраи аввал Ҳокимияти советҳои халқӣ вазифаи диктатураи револютсионӣ-демократии пролетариат ва деҳқононро иҷро мекард. Дар рафти револютсия блоки зиддифеодалию зиддимпериалистие ташкил ёфт, ки дар он баробари меҳнаткашон, инчунин буржуазияи тиҷоратӣ ва саноатии ҳунармандии ӯзбек дар шахси ҷавонхевагиҳо (партияи буржуазияи миллӣ) ва баъзе сардорони қабилаҳои феодалӣ иштирок доштанд. Муттаҳидшавии ин қувваҳо сарнагун кардани хонро осон кард. Ин револютсия аз ҷиҳати хусусият, қувваҳои ҳаракатдиҳанда ва натиҷаҳои худ револютсияи зиддифеодалӣ ва дар айни ҳол револютсияи зиддиимпериалистӣ низ буд ва ба муқобили империалистони англис ва ғайра нигаронида шуда буд, ки онҳо дар замони Ҷанги гражданӣ (1918—20) кӯшиш доштанд хонии Хеваро ба пласдарми ҳуҷуми зидди Туркистони Шимолӣ табдил диҳанд.
26—30 апрели 1920 дар шаҳри Хева Қурултои 1-уми Умумихоразмии Советҳо баргузор шуд. Владимир Илич Ленин Раиси Фахрии Қурултой иитихоб гардид. Қурултой ташкилёбии Республикаи Халқии Советии Хоразм РХСХ- ро эълон намуд ва конститутсияи нахустини республикаро қабул кард. Конститутсия озодии халқи Хоразмро таъмин намуда, ҳуқуқи зану мардро баробар кард, моликияти хусусӣ будани замин ва воситаҳои истеҳсолотро эътироф карда, ба як қисми синфҳои истисморгар ҳуқуқи интихоботӣ дод. Аз ҳуқуқи интихоботӣ фақат заминдорони калон ва судхӯрон маҳрум буданд. Судҳои пешина, мактабҳои усули кӯҳна, заминҳои вақф, оқсақолон ва ғайра ҳанӯз вуҷуд доштанд. Қурултой инчунин ҳукумати нав — Совети Нозирони Халқро иитихоб кард. Республикаи Халқии Советии Хоразм РХСХ, ки давлати махсуси халқӣ-демократии давраи гузариш буд, мебоист муносибатҳои феодалӣ-патриархалиро барҳам зада, барои капитализмро аз сар нагузаронида ба роҳи сотсиалистии тараққиёт гузаштани республика шароити иқтисодӣ ва сиёсӣ фароҳам меовард. Ҳокимияти Советӣ дар Хоразм дар муборизаи пуршиддати зидди муқобилати девонавори бойҳо, рӯҳониёни мусулмон, ҷавонхеваиҳои рост, ки онҳоро қувваҳои иртиҷоии мамлакатҳои империалистӣ дастгирӣ мекарданд, мустаҳкам мешуд. Барои беҳтар гардидани вазъияти дохилӣ ва байналхалқии Республикаи Халқии Советии Хоразм РХСХ шартномаи байии Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР ва РХСХ, ки 13 сентябри1920 дар Москва имзо шуд, аҳамияти калон дошт. Дар асоси ин шартнома Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия РСФСР бо Республикаи Халқии Советии Хоразм РХСХ муоҳидаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ ва ғайра баст, дар ташкили қувваҳои мусаллаҳ, таъсиси аппарати давлатии республика ёрии амалӣ расонд. 10—11 декабри 1921 дар шаҳри Хева Съезди 1-уми Партияи Коммунистии Хоразм барпо гардид ва он оид ба масъалаи иқтисодӣ ва миллӣ қарорҳои дахлдор қабул кард. Дар аввалли 1922 Партияи Коммунистии Хоразм ба ҳайати Российская Коммунистическая Партия (большевиков) РКП(б) қабул шуд. Барои барҳам додани харобии иқтисодӣ, аз нав барқарор намудан ва тараққӣ додани хоҷагии халқи республикаҳои Туркистон, Бухоро ва Хоразм марти 1923 бо қарори Конференсияи 1-уми иқтисодии Туркистон, Бухоро ва Хоразм се республика аз ҷиҳати иқтисодӣ муттаҳид шуданд ва маркази ягонаи иқтисодӣ — Совети иқтисодии Осиёи Миёна (СИОМ) таъсис ёфг. Натиҷаи ҳамин муттаҳидшавӣ буд, ки майдони кишти пахтаи Республикаи Халқии Советии Хоразм РХСХ агар соли 1922 8 770 гектарро ташкил диҳад, соли 1923 ба 32776 гектар расид; ҳосилнокии зироати хоҷагии қишлоқ, саршумори чорво афзуд; хоҷагиҳои кооперативӣ ба вуҷуд меомаданд. Саноат низ равнақ меёфт. Муваффақиятҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданӣ барои табдил додани Республикаи Халқии Советии Хоразм РХСХ ба Республикаи сотсиалистӣ замина фароҳам оварданд. Съезди 3-юми Партияи Коммунистии Хоразм (июли 1023) программаи сохтмони сотсиализмро муайян намуд. Съезди 4-уми Умуми-хоразмии Советҳо(17—20 октябри 1923) Хоразмро Республикаи Советии Сотсиалистӣ эълон намуда, Конститутсияи навро қабул кард, ки он просесси ба охир расидани давраи халқи-демократии револютсия ва ба давраи револютсияи сотсиалистӣ гузаштанро қонуни гардонд. Съезди 5-уми Умумихоразмии Советҳо (29 сентябри—20 октябри 1924) дар асоси худмуайянкунии миллатҳо ва иродаи халқҳои Хоразмро ифода намуда қарор кард, ки халқҳои Республикаи Халқии Советии Хоразм РХСХ ба ҳайати республикаҳои миллии нав ташкилёфтаи Республикаи Советии Сотсиалистии Туркманистон ва Вилояти Автономии Қароқалпоқистон дохил шаванд. Дар рафти таъиноти миллӣ-давлатии республикаҳои Советии Осиёи Миёна Республикаи Халқии Советии Хоразм РХСХ барҳам хӯрд.

Адабиёт: Н е п е с о в Г., Из истории Хорезмской революции 1020—24 годов., Ташкент, 1902; С а м а т о в а X. С., И ш анов И. А., Образование Хорезмской и Бухарской Народных Советских Респуб-лик, дар китоби: История советского государства и права, том 1—2, Москва, 1968; Великий Октябр и победа народной революции в Хорезме, Ташкент, 1971; История Бухарской и Хорезмской Народных Советских Республик, Москва, 1971.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …