РЕШАСАРҲО (НЫгосерЪа1а), як хел ҳайвонҳои соддаро гӯянд, ки дар бадани харчанг, краб ва дигар ҷонварон зиндагӣ мекунанд. Бино ба таснифоти илмӣ Решасарҳо ба зерқатори харчангшаклони мӯйлабпой дохил мешаванд. Танаашон халтамонанд буда, ба буғумчаҳо тақсим нашудааст. Онҳо ба воситаи поячаҳои кӯтоҳе, ки шохаҳои он ба тамоми бадан паҳн мешаванд, ба шиками соҳибашон мечаспанд. Пой ва узвҳои ҳозимаю ихроҷ надоранд. Кирминаашон озод шино мекунад; аз ин сабаб Решасарҳоро аз ҷумлаи харчангшакл- ҳо медонанд. Аксар Решасарҳо дар баҳрҳо зиндагӣ мекунанд. Баъзе намудашон хунсоянд. Намояндаи маъмули Решасарҳо саккулина мебошад.