Маълумоти охирин
Главная / Биология / РЕШАПОЙҲО

РЕШАПОЙҲО

275px-amoeba_collage

РЕШАПОЙҲО (НМгорода), як хел ҳайвонҳои соддаро гӯянд. Андозаашон аз якчанд мкм то 3 миллиметр, танаашон қабати шаффофи сатҳӣ (эктоплазма) ва қабати дона-донаи ядродори дохилӣ (эндоплазма) доранд.
Бино ба таснифоти илмӣ Решапойҳо ба 5 қатор тақсим мешаванд: амёбаҳо, амёбаҳои гӯшмоҳидор, фораминифераҳо, офтобиҳо ва радиолярияҳо. Амёбаҳои гӯшмоҳидор (Тез- 1асеа) дар хок, ботлоқҳои торфӣ, анбӯҳи дарахтзори наздисоҳил ва обанборҳо зиндагӣ мекунанд. Гӯшмоҳии ин амёбаҳо мудаввар ё тухмшакл (андозааш аз 30 то 230 мкм) буда, барои баромадани псевдоподияҳо чанд сӯрохӣ дорад. Дар обанборҳои Тоҷикистон бештар аз 30 намуди амёбаҳои гӯшмоҳидор ба қайд гирифта шудааст. Дар обанборҳои Қайроққум ва Норак амёбаҳои ҷинси Бш1и£1а ва СепЮору- Х1з зиндагӣ мекунанд. Фораминифераҳо (ҒогатшПега) асосан дар обанборҳои шӯр зиндагӣ мекунанд. Онҳо гоҳ бо роҳи ҷинсӣ ва гоҳ бо роҳи ғайриҷинсӣ афзоиш мекунанд. Гӯшмоҳиашон як ё якчанд ҳуҷра (камера) дорад. Тақсимшавии фораминифераҳо дар қабатҳои нефтдори қишри замин барои муайян кардани конҳои нефт ва дигар сарватҳои зеризаминӣ аҳамияти калон доранд.
Адабиёт: Николюк В. Ф., Гельцер Ю. Г., Почвенные простейшие Союз Советских Социалистических Республик СССР, Ташкент, 1972; Биологичесмие основы рыбного хозяйства водоёмов Средней Азии и Казахстана, Фрунзе, 1978. И. Эргашбоев..

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …