Маълумоти охирин

РЕНТА

renta

РЕНТА (немисӣ Кеп1е, франсавӣ геп1е, аз лотинӣ геа8На — баргардонидашуда, гардонида додан), як навъ даромадро номанд, ки аз капитал, замин ва молу мулк мунтазам гирифта мешавад ва он ба фаъолияти истеҳсолӣ вобастагӣ надорад. Заминдорон рентаи замин мегиранд, ки он дар навбати худ дар шакли рентаи мутлақ, рентаи дифференсиалӣ ва рентаи монополӣ зоҳир мегардад. Дар бисёр мамлакатҳои капиталистӣ Рентаро фоиз ҳам мегӯянд. Шахсони, ки аз ҳисоби Рента зиндагӣ мекунанд, дар ҷамъият  табақаи муфтхӯронро ташкил медиҳанд. Нигаред низ Рентаи мутлақ, Рентаи дифференсиалӣ, Рентаи замин.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …