Маълумоти охирин

РЕЛЕ

rele

РЕЛЕ (аз франсавӣ геЫз — иваз кардан), ҷиҳози ҳассосест (масалан, электромагнити лангардоре дар фашанг) барои пайвастани ягон афзори электрӣ ё мошина ба занҷири ҷараёни пурқуввати электр тавассути ҷараёни камқувват. Схеман Релеи электромагнитӣ дар расм акс ёфтааст. Ин

Релеи электромагнити:      1— дилак; 2— симпеч; 3— юг;   4— лангар; 5— контактҳо; 6— пружинаи баргарданда.

Реле дар натиҷаи таъсири мутақобили лангари ферромагнитӣ ва майдони магнитии симпече, ки аз он ҷараён мегузарад, кор мекунад. Ҳангоми дар симпечи Реле  ба ҳадди муайян расидани бузургии ҷараён лангар ба дилак ҷазб мешавад ва контактҳои занҷири идорашавандаро ба ҳолати дигар мекӯчонад.  Релеҳои  вақт гурӯҳи махсуси Релеҳоро ташкил медиҳанд, ки дар таҷҳизоти релеӣ барои муддати муайян нигоҳ доштани (ба таъхир андохтани) таъсироти омилҳои беруна ё таъсироти як узви олати автоматӣ ба узви дигари он хизмат мекунанд.

Релеҳои ҳароратӣ, механикӣ, оптикӣ, ва акустикӣ низ сохта шудаанд, ки дар системаҳои танзими автоматӣ, назорат, сигналдиҳӣ, ҳимоя ва ғайра истифода мешаванд.

Адабиёт: Сотков Б. С., Основы расчёта и проектирования электромеханических элементов автоматических и телемеханических устройств, Москва—Ленинград, 1965; Цыпкин Я. 3., Релейные автоматические системы, Москва, 1974.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …