Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РЕФОРМАТСКИЙ Александр Александрович

РЕФОРМАТСКИЙ Александр Александрович

РЕФОРМАТСКИЙ Александр Александрович (29. 10. 1900, Москва —3. 5. 1978, ҳамон ҷо), забоншиноси советӣ, доктори илмҳои филология, профессор (1962), яке аз бунёдгузороии мактаби фонологии Москва. Университети давлатии Москваро тамом кардааст (1923). Муддате муҳаррири нашриётҳои Москва ва муаллими Университети давлатии Москва (1921—54), Институти адабиёти ба номи Максим Горкий ва Институти педагогии Москва буд. Солҳои 1958—70 —- мудири сектори забоншиносии структуравӣ ва таҷриба- вии Институти заооншиносии Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ . Реформатский ба тадқиқи масъалаҳои орфография ва орфоэпия, луғат, калимасозӣ, назарияи тарҷума ва забоншиносии умумӣ машғул буд. Тадқиқоти ӯ оид ба назарияи фонетика ва фонология, махсусан, муҳим буда, аз бисёр ҷиҳатҳо инкишофи минбаъдаи забоншиносии советиро муайян кардаанд. Реформатский муаллифи китоби Дарсии «Муқаддимаи забоншиносӣ» («Введение в языковедеиие», нашри 4, 1967, барои мактабҳои олӣ) мебошад, ки дар донишкадаҳои Тоҷикистон низ омӯхта мешавад.
Основание.: Фонологические этюды, Москва„ 1975; Очерки по фонология, морфонологии и морфологии, Москва„ 1979.
Адабиёт: Аванесов Р. И„ Панов М. В„ Александр Аленсандрович Реформатский, дар китоби; Фонетика. Фонология. Грамматика, Москва„ 1971.
А. Горбачевский.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …