РЕФЛЕКТОР (аз лотинӣ геПес1о — пас мегардонам, инъикос мекунам), дар астрономия, телескопи акскунандаест, ки дар он тасвири ҷирмҳои мунир (ситораҳо, сайёраҳо, Офтоб ва ғайра) асосан тавассути оинаи дарунхамида ва оинаҳои барҷаста ё ҳамвори ёвар ҳосил мешавад (нигаред, нақша). ‘
Назар ба рефрактор Рефлекторҳо як қатор бартариҳо доранд, масалан, дар онҳо аберрасияи хроматикӣ (нигаред Аберрасия) тамоман вуҷуд надорад. Калонтарин дар ҷаҳон Рефлектор дар Расад- хонаи махсуси астрофизикии Академияи Фанҳои Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ СССР (Зеленчук) амал мекунад: диаметри оинаи асосиаш 6 метр аст.