РЕБИНДЕР Пётр Александрович (3. 10. 1898, Петербург -12. 7. 1972 Москва), физику химики советӣ, академики Академияи Фанҳои Союз Советских Сотсиалистических Республик (1946; аъзо-корреспондент.
1933), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1968). Факултети физикаю математикаи Университети давлатии Москваро хатм кардааст (1924). Аз соли 1935 мудири шӯъбаи системаҳои дисперсии Институти коллоидию электрахимияии (аз 1945 Институти химияи физика) Академияи Фанҳои Союз Советских Сотсиалистических Республик АФ СССР ва дар як вақт (аз соли 1942) мудири кафедраи химияи коллоидии Универсиӣети давлатии Москва. Раиси совети ил- мии Академияи Фанҳои Союз Советских Сотсиалистических Республик АФ СССР оид ба проблемаҳои механикаи физикию химиявӣ ва химияи коллоидӣ (1958). Аз соли 1968 сармуҳаррири «Коллоидный журнал». Асарҳои илмии ӯ ба проблемаҳои пайдоиш, устуворӣ ва вайроншавии системаҳои дисперсӣ, зуҳур ёфтани ҳодисаҳои сатҳӣ ва ташаккули структураҳо дар системаҳои номбурда, такмили тасаввурот оид ба механизмҳои молекулавии таъсири моддаҳое, ки кашиши сатҳии байни ду фазаро кам мекунанд бахшида шудаанд. Ребиндер соли 1928 пастшавии адсорбсионии устувории ҷисмҳои сахтро кашф кард. Лауреати Мукофоти давлатии Союз Советских Сотсиалистических Республик СССР (1942). Бо 2 ордени Ленин, 2 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.