Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / РЕАЛИЗМИ СОТСИАЛИСТӢ

РЕАЛИЗМИ СОТСИАЛИСТӢ

РЕАЛИЗМИ СОТСИАЛИСТӢ, методи эҷодӣ дар адабиёт ва санъат аст, ки аз санъаткор тасвири ҳаққонӣ, таърихӣ-конкретии зиндагиро дар инкишофи револютсионии он дар партави идеалҳои сотсиалистӣ, тарбияи меҳнаткашон дар рӯҳи сотсиализм ва коммунизм талаб менамояд. Пайдоиш ва инкишофи Реализми сотсиалистӣ ба паҳншавии ғояҳои сотсиалистӣ дар мамлакатҳои гуногун, ба инкишофи ҳаракати коргарии револютсионӣ вобаста аст. Реализми сотсиалистӣ ҳамчун методи бадеӣ ибтидои асри 20 дар Россия, пеш аз ҳама дар эҷодиёти Максим Горкий ташаккул ёфт. Пас аз Максим Горкий тасвири реалистии ҳодисаҳои ҷамъиятӣ ва ҷаҳонбинии сотсиалистӣ хусусияти асосии эҷодибёти нависандагони чандин мамлакатҳо гардид (А. Барбюс, М. Андерсен-Нексе, Ҷон Рид). Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939—45), махсусан пас аз ташкили системаи ҷаҳонии сотсиализм, мавқеи Реализми сотсиалистӣ  ҳамчун пешоҳанги прогресси адабӣ боз ҳам устувортар гардид. Баробари эҷодиёти Максим Горкий, Владимир Владимирович Маяковский, М. А. Шолохов инчунин театри К. С. Станиславский ва В. Э. Мейерхолд, бозёфтҳои кинематографии С. М. Эйзенштейн, А. П. Довженко, муси-қии С. С. Прокофев, Д. Д. Шостакович, драматургияи Б. Б. Брехт ва В. В. Вишневский ва ғайра таҷрибаи эҷодии Реализми сотсиалистиро вусъат доданд. Истилоҳи « Реализми сотсиалистӣ » дар матбуоти советӣ аввалин бор соли 1932 пайдо шуд («Литературная газета», 23 май). Мафҳуми Реализми сотсиалистӣ  дар Съезди 1-уми нависан-дагони советӣ (1934) ба расмият даромад. Дар Съезд Максим Горкий методи навро ҳамчун программаи эҷодие, ки ба татбиқи ғояҳои гуманистии революционӣ нигаронда шудааст, пешниҳод кард. Реализми сотсиалистӣ  шакли нави шуури бадеӣ буда, анъанаҳои гуманистии санъати гузаштаро давом медиҳад ва бо мазмуни нави сотсиалистӣ пайваст менамояд. Методи Реализми сотсиалистӣ  бар консепсияи таърихии револютсионии гуманизми сотсиалистӣ, ки дар он ғояи инкишофи бонизоми инсон, зуҳуроти ҳаматарафаи имкониятҳои маънавӣ ва ахлоқии ӯ, муносибати байниякдигарии одамон, муносибати инсон ба табиат ва ҷамъият ифода мешавад, асос ёфтааст. Ин тамоюлоти гуманистӣ ба тамоми шаклҳои маданияти сотсиалистӣ хос буда, яке аз хусусиятҳои умумӣ ва муҳиму фарқкунандаи санъати Реализми сотсиалистӣ  ба шумор меравад. Барои фаҳмидани принсипҳои санъати сотсиалистӣ мулоҳизаҳои классикони марксизм-ленинизм аҳамияти калон доранд. Ақидаи Фридрих Энгелс дар бораи таърихияти даркшудаи тафаккури бадеӣ дар асоси припсипи партиявияти адабиёт ва санъат, ки Владимир Илич Ленин пеш гузошта буд, инкишоф ёфт. Владимр Илич Ленин хусусиятҳои асосии адабиёти навро амалан нишон дод. Партиявияти ленинии санъат маҳз ба ҳам омадани дониши объективии амиқ ва фаъолияти субъективии пафоснокро талаб мекунад. Ҳар гоҳ кӯшишҳои субъективии шахсият бо равиши объективии таърих мувофиқ ояд, шахсият умеду боварӣ пайдо мекунад. Дар натиҷа барои фаъолияти револютсионии инсон, барои инкишофи ҳаматарафаи истеъдоди ӯ, аз ҷумла барои ташаккул ва нашъунамои фардиятҳои гуногуни эҷодӣ, замина ба миён меояд.

realizmi-s

Руҳи навоваронаи Реализми сотсиалистӣ  ҳанӯз аз давраҳои аввали инкишофи адабиёти советӣ мушоҳида гардид. Адабиёт ва санаати Реализми сотсиалистӣ образи нави қаҳрамони мусбати мубориз, бунёдкор ва пешоҳангро ба вуҷуд овард. Ба воситаи қаҳрамони мусбат оптимизми таърихии Реализми сотсиалистӣ  пурра зоҳир шуд. Реализми сотсиалистӣ байналмилалӣ буда, аз ягонагии таърихии санъат дар замони навсози-ҳои сотсиалистии ҷаҳон иборат аст. Ин умумият дар шаклҳои гуногуни инкишофи методи нав зуҳур мекунад. Ба ин муносибат таҷрибаи адабиёт ва санъати советӣ барои инкишофи ҷаҳонии просесси адабӣ аҳамияти ҳалкунанда дорад. Адабиёти советиро бо тамоми сифатҳои хоси адабиёти миллӣ, анаъанаҳои таърихӣ ва дигар хусусиятҳои фардии онҳо Реализми сотсиалистӣ  бо ҳам муттаҳид менамояд. Реализми сотсиалистӣ  дар давраҳои гуногун вобаста ба шароити миллии таърихӣ шаклу  услубҳои нав пайдо карда бошад ҳам, умумияти асосии худро нигоҳ медорад. А. Твардовский, Мирзо Турсунзода, Э. Межелайтис, Чингиз Айтматов услуби хоси эҷодӣ доранд, вале бо тамоюли умумии идеологии эҷодиёташон ба ҳам наздиканд. Реализми сотсиалистӣ  просесси ягонаи эҷодӣ буда. ҳамеша дар тағйирот аст. Ҳоло Реализми сотсиалистӣ  дар адабиёти хориҷӣ низ ҷорист. Тағийроти азими сотсиалистӣ, ки дар мам-лакатҳои лагери сотсиалистӣ ба вуҷуд омадааст, боиси инкишофи Реализми сотсиалистӣ  дар адабиёти онҳо гардид. Азбаски шуури сотсиалистии меҳнаткашони мамлакатҳои капиталистӣ ҳамеша пеш меравад, Реализми сотсиалистӣ  дар эҷодиёти бисёр нависандагони мамлакатҳои капиталистӣ низ ғалаба карда истодааст. Реализми сотсиалистӣ имконияти калони эҷодӣ дорад. Вай дар доираи як ё чанд тарзи тасвир маҳдуд нашуда, ҷиҳатҳои пешқадами санъати ҷаҳониро фаро мегирад, Адабиёти тоҷик пас аз Револютсияи Октябр бо роҳи Реализми сотсиалистӣ   ҷараён гирифта, давраҳои гуногуни инки- шофро аз сар гузаронд. Асосгузори Реализми сотсиалистӣ   дар адабиёти тоҷик Айнӣ мебошад. Инкишофи Реализми сотсиалистӣ  дар адабиёти тоҷик, вобаста ба анъанаҳоп адабии миллӣ хусусиятҳои фарқкунанда дорад ва он мувофиқи шароиту вазъияти конкретӣ, талаботи эстетикӣ ва завқи бадеии хонандагон, мувофиқи талаботи анъанаву услубу равияҳои адабии миллӣ инкишоф меёбад. Адабиёти тоҷик дар тасвири романтикии воқеият, ки идомаи анъанаи адабиёти классикии форс-тоҷик аст, таҷрибаи бой дорад. Тасвирҳои романтикӣ, шартӣ, тамсилӣ ва дигар воситаҳои услубофаринӣ ҳамчун қисми таркибии Реализми сотсиалистӣ  дар асарҳои Айнӣ («Дохунда”, «Ҷанги одаму об*, «Ёддоштҳо»), Лоҳутӣ («Ватани Шодӣ», «Ду нишон», «Тоҷ ва байрақ», «Парии бахт»), Турсунзода («Баҳор ва хазон», «Писари Ватан», «Аа Ганг то Кремл»), Миршакар («Панҷи ноором», «Қишлоқи тиллоӣ»), Мӯъмин Қаноат («Достони оташ», «Сурӯши Сталинград»), асарҳон Ҷалол Икромӣ ва дигар адибони тоҷик ба назар мерасанд. Дар осори баъзе нависандагони тоҷик унсурҳои сентименталӣ, натуралистӣ, нишонаҳои услубу  равияи рамзи ва тамсилӣ низ вуҷуд доранд, ки хилофи тасвироти реалистӣ нестанд ва методи Реализми сотсиалистӣ  онҳоро рад намекунад. Бо вуҷуди гуногунии  услубу равияҳои эҷодӣ адибони тоҷик қонуниятҳои асосӣ ва принсипҳои методи Реализми сотсиалистиро риоя мекунанд ва адабиёти тоҷик дар асоси талаботи методи Реализми сотсиалистӣ  пеш рафта истодааст.

Адабиёт: Маркс Карл и Эигельс Фридрих, Об искустве. Сборник статей, 3 издание, том 1—2„ Москва, 1-967; Л е н и н  Владимр Илич, О литературе и искусстве. (Сборник статей.], Москва, 1969; Горький Максим, О литературе. Москва, 1061; С а йф у л л о е в А., Ақидахои адабии Ленин ва адабиёти тоҷик, Душанбе, 1973; Табаров С., Реализми сотсиалистӣ — методи адабиёти советӣ, Душанбе, 1975* Ш у к у р о в М., Пахлуҳои тадкиқи бадеӣ. Душанбе*     1976; О в ч а р е н к о А. И., Социалистическая литература и современный литературный процесс, 2 издание. Москва, 1973; М а р к о в Д. Ф., проблемы теории социалистического реализма, Москва, 1975; Социалистический реализм на современном этапе, Москва, 1977.

Ю. Бобоев

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …