РЕАЛИЗМИ МАОРИФПАРВАРӢ, равияи адабиест, ки асри 18 вобаста ба ҷараёни маорифпарварӣ дар адабиёти мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ ба вуҷуд омад. Намояндагони барҷастаи он: Волтер, Руссо, Дидро (Франсия), Лессинг, Гёте, Шиллер (Германия), Ричардсон, Филдинг, Смоллетт (Англия) ва дигар. Ғояҳои маорифпарварӣ дар Россия солҳои 1760—80 дар асарҳои Н. И. Новиков, Д. И. Фонвизин, А. Я. Козелский, С. Е. Десниский ва дигарон ифода ёфта, дар китоби А. Н. Радищев «Саёҳат аз Петербург ба Москва» (1790) барҷаста намудор гардид. Дар нимаи дуюми асри 19 ва аввали асри 20 бо таъсири ҷараёни маорифпарварии Россия дар адабиёти халқҳои Шарқ, аз ҷумла адабиёти тоҷик, низ Реализми маорифпарварӣ зуҳур кард. Реализми адабиёти маорифпарварии тоҷик, ба ҳамон методи эҷодие шабоҳат дорад, ки дар адабиёти давраи маорифпарварии Европаи Ғарбӣ ва Россияи асри 18 пеш аз реализми танқидӣ пайдо шуда буд ва имрӯз ҳамчун реализми маорифпарварӣ маъруф аст. Шабоҳати типологии ҷунбиши маорифпарварии Осиёи Миёна ба ҷараёни маорифпарварии мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ ва Россия дар он аст, ки ҳамон ҷо ва ҳам ин ҷо пеш аз ҳама схоластикаи динӣ ва истибдоди феодалӣ мавриди танқиди сахти маорифпарварон ва нависандагони маорифпарвар қарор гирифт. Аммо Реализми маорифпарварӣ дар адабиёти тоҷик бе замина ҳам набуд. Як заминаи он ҳамон анъанаҳои пурқуввати ҳақиқатнигорӣ (реализм)-и адабиёти классикии тоҷик аст. Вале заминаи асосии пайдоиши Реализми маорифпарварӣ ба маънии принсипҳои тасвири ҳаёт дар адабиёти ин давра худи ҷунбиши маорифпарварӣ ва афкори иҷтимоиву сиёсии он буд. Як хусусияти маорифпарварии тоҷик дар ин аст, ки ақоиди намояндагони он дар адабиёти бадеӣ бевосита ва хеле равшан инъикос ёфтааст. Мундариҷаи ғоявии адабиёти маорифпарварии тоҷик низ аз ҳамон се нуқта ё хусусияти асосии ҷараёни маорифпарварӣ бармеояд, ки онҳоро Владимир Илич Ленин дар асоси таҳлили фаъолияти маорифпарварони рус чунин муайян намуда буд: «Монанди маорифпарварони Европаи Ғарбӣ, монанди аксарияти намояндагони адабии солҳои 60-ум, Скалдин ҳам аз таҳти дил нисбат ба ҳуқуқи кре-постноӣ ва ҳама боқимондаҳои он дар соҳаи иқтисодӣ, сотсиалӣ ва юридикӣ душмании сӯзон мепарварад. Ин хислати якуми характерно-ки «маорифпарвар» аст. Хислати дуюми характернок, ки ба ҳамаи ма-орифпарварони рус хос аст, бо ҳарорат ҳимоя кардани маориф, худ-идоракунӣ, озодӣ, шаклҳои европагии зиндагӣ ва умуман ҳартарафа европагикунонии Россия мебошад. Ниҳоят, хислати сеюми характерноки «маорифпарвар» ҳимоя кардани манфиатҳои оммаҳои халқ, асосан деҳқонон, … эътиқоди самимона парваридаи ба он ки бекор карда шудани ҳуқуқи крепостноӣ ва боқимондаҳои он беҳбудии умумиро бо худ ҳамроҳ меоварад ва хоҳиши самимонаи ба ин кор мадад расондан мебошад» (Ленин Владимир Илич, Асарҳо ҷилди 2, саҳифаи 544, нашри тоҷикӣ). Ин се хусусияти асосии маорифпарварӣ дар фаъолияти маорифпарварони тоҷик низ дида мешавад ва дар адабиёти маорифпарварӣ инъикос ёфтааст. Хусусияти аввалини маорифпарварӣ — «душмании сӯзон» нисбат ба усули давлатдории феодалӣ бештар дар асарҳои Аҳмади Дониш ва қисман дар асарҳои пайравони ӯ, аз ҷумла «Савонеҳ-ул-масолик»-и Возеҳ ва «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и Шоҳин инъикос гардидааст. Хусусияти дуюми маорифпарварӣ — «бо ҳарорат ҳимоя кардани маориф, худидоракунӣ, озодӣ ва шаклҳои европагии зиндагӣ», дар эҷодиёти Дониш, Возеҳ ва Мирзо Сироҷ, ки ба мамлакатҳои нисбатан пешқадами Европа ва Осиё (Россия, Туркия, Эрон, Миср) сафар карда, бо ҳаёти онҳо бевосита шинос шуда буданд, мушоҳида мешавад. Онҳо дар шароити ҳукмронии ҷаҳолат ва таассуби динӣ дар Бухоро омӯхтани илмҳои барои пешравии ҷамъияти инсонӣ зарурро тарғиб мекарданд, аз рӯи фаҳми худ дар бораи озодӣ ва тарзи давлатдорӣ ақоиди худро иброз медоштанд. Онҳо дар бораи чизҳои нав ва пеш-қадаме, ки дар маданият ва зиндагии халқҳои Европа дида буданд, бо ҳусни таваҷҷӯҳ сухан ронда, ба ҷорӣ кардани ин навигариҳо дар ҳаёти кишвари ақибмондаи худ мекӯшиданд. Зиёда аз ин, Аҳмади Дониш ба европоикунонии ҳаёти иҷтимоии Бухоро саъй дошт. Вай дар бораи ислоҳ ва дигаргун намудани сохти давлатии аморат ва чун дар давлатҳои подшоҳии конститусионии Европа маҳдуд кардани ҳокимияти амир масъала гузошта буд. Хусусияти сеюми маорифпарварӣ — ҳимояи манфиатҳои халқи меҳнаткашро низ равшан мушоҳида мекунем. Онҳо итибдоди феодаль, амалдорони ди-нь ва давлатии аморатро, ки сабабгори харобии мамлакат ва бенавоии халқ буданд, сахт танқид мекарданд. Ин мавзӯю масъалаҳоро на анъанаи адабиёти классикӣ, балки худи замон ва ҳаёти воқеии он тақозо мекард. Бинобар ин адабиёти маорифпарварӣ нисбат ба тамоми адабиёти давраҳои пеш ба зиндагӣ ва ҳаёти иҷтимоии замон робитаи бештаре дошт. Бо масъалаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ бештар вобаста шудани мундарнҷаи ғоявии адабиёт мақоми насрро афзуда, боиси тағйироти сифатӣ ва ба майдон омадани жанрҳои нави он гардид. Ҳаҷвияи Возеҳ «Ақоид-ун-ниссо», асари рамзию мутонбавии Шоҳин «Бадоеъ-ус-саноеъ», «Музҳикот»-и Савдо, инчунин ҳикоятҳои фалсафию реалистии Аҳмади Дониш («Наводир-ул-вақоеъ») аз на-зари жанр дар таърихи насри тоҷик беназир мебошанд. «Рисолаи таърихӣ*-и Аҳмади Дониш доир ба таърихи амирони манғит бошад ҳам аз ҷиҳати шаклу услуб ва мазмуну мундариҷа дар адабиёти тоҷик асари тамоман тозае буд. Ин асарро аз назари жанр ба публисистикаи бадеию таърихӣ ва танқидӣ мансуб донистан мумкин аст. Вай публи-систнкаи маорифпарварони Ғарб ва Россияро ба хотир меорад. Ҷараёни маорифпарварӣ умуман публисистика ва ҷанбаи публисистиро дар адабиёти он давр ривоҷ дод ва баъдтар дар аввали асри 20, вақте ки нашри газетаҳо ба роҳ монда шуд, журналистикаро низ таҳти таъсири худ гирифт. Дар насри маорифпарварии ин давр жанри сафарнома низ ривоҷ ёфт. Бобҳои «Наводир-ул-ва-қоеъ»-и Аҳмади Дониш оиди сафари Россия, «Савонеҳ-ул-масолик»-и Возеҳ, «Туҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзо Сироҷ беҳтарин осори жанри сафар-номаи насрӣ мебошанд, ки бо руҳи маорифпарварӣ навишта шудаанд. Вобаста ба қиёми шоиру нависандагони маорифпарвар ба муқобили давлати амирӣ дар эҷодиёти онҳо ҳаҷву танқиди иҷтимоӣ низ мавқеи калон пайдо карда буд. Ҳаҷву танқиди тезу тунд ҳам бар зидди амалдорони ҷудогонаи давлати амирӣ ва ҳам бар – зидди иллатҳои иҷтимоӣ нигаронида мешуд. Қувват гирифтани тамоюлоти реалистӣ ба услуб ва воситаҳои бадеии тасвир низ бетаъсир намонд. Шоирони пешқадами давр аз мавҳумот ва образҳои шартиву рамзии услуби бедилии назм даст кашида, бештар ба образҳои воқеии ба фаҳму идроки хонанда наздик рӯ оварданд. Дар адабиёти ин давр майли ба забони халқ наздик кардани забони назму наср, де-мократикунонии забони адабӣ равшан мушоҳида мегардад, ки ин ҳо-диса низ бо Реализми маорифпарварӣ вобаста буд. Ҳамаи инҳо нишонаҳои Реализми маорифпарварӣ мебошанд, ки ҳамчун принсипи тасвири ҳаёти воқеӣ дар адабиёти асри 19 тоҷик устувор гардида буданд.
Адабиёт: Ҳодизода Р., Адабиёти тоҷик дар нимаи дуввӯми асри XIX, Душанбе, 1908; Степанов М. А., Просветительский реализм XVIII— начала XIX ввеков, дар маҷмӯаи: Проблемы типологии русского реализма, Москва, 1969; X а д и-з а д е Р., Свадиев С., Реалистические элементы и просветительский реализм в таджикской литературе, дар маҷмӯаи,: Истоки, формирование и развитие социа-листического реализма в литературах Советского Востока, Ташкент, 1976.
С. Саъдиев.