РЕАЛГАР (франсавӣ геа1даг, аз арабӣ чанги ғор), минералест аз синфи сулфидҳо. Формулаи химиявиаш Аз8. Дар таркибаш 70.1% Аз дорад. Дар системаи моноклипӣ кристалл мебандад; кристаллҳояш призмашакл. Аксар массаҳои пурра донадор ё хокмонанд ҳосил мекунад. Рангаш сурх, сурхи тира, норинҷӣ.
Мӯрт. Сахтиаш 1,5—2; зичиаш 3,6 грамм/сантиметр. Дар конҳои гидротермалӣ ҳамроҳи зарних (аурипигмент), ангимониг ва маъданҳои сурб, тиллою нуқра ёфт мешавад. Ба миқдори холо кам дар танаи девори танӯраи вулқонҳо, инчунин дар ковокиҳои лаваи хунукшуда дучор меояд. Аз маъдани Реалгар марги муш мегиранд. Конҳои Реалгар дар Союз Советских Социалистических Республик СССР (Закавказия),. Чехословакия, Румыния, Юнон, Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Япония мавҷуданд.