РАЗЗОҚОВ Ҷӯрақул Бобоевич (1899, Ғарм —1970), яке аз муборизони фаъоли барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Совет дар Тоҷикистон. Аз оилаи деҳқони камбағал. Аъзои КПСС аз соли 1927. Солҳои 1915—1917 дар Тошкенту Мирзочӯл коргар буд, соли 1918 ба Ғарм баргашта, барои мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Ғарм мубориза бурд.
Солт 1922 отряди ихтиëрӣ ташкил карда, бар зидди босмачиён мубориза бурд. Соли 1925 раиси Комитет револютсионии Обигарм, 1927 сардори шӯъбаи милитмия ва ҷонишини раиси Комиҷроияи округи Ғарм. Солҳои 1928—1930 шунавандаи Мактаби партиявии шаҳри Сталинобод. Соли 1930 ҷонишини раиси Комиҷроияи райони Янгибозор (ҳозира Орҷоникидзеобод). Солҳои 1931—1933 дар Университети коммунистии Шарқ дар Москва таҳсил кард. Солҳои 1933—1939 мудири шӯъбаи Комитет партиявии райони Шӯрообод. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Ш. Ҷалилов.