Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РАЗВЕДКАИ АРХЕОЛОГӢ

РАЗВЕДКАИ АРХЕОЛОГӢ

razvedkai-arxeology

РАЗВЕДКАИ АРХЕОЛОГӢ, маҷмӯи усулҳои ҷустуҷӯ ва бори аввал тадқиқ намудани ёдгориҳои архе­ологӣ. Мақсади асосии Разведкаи археологӣ иборат аз кашфи ёдгориҳои археологии ба илм номаълум, тафтиши маълумотҳо оид ба ин ёдгориҳо мебошад. Разведкаи археологӣ аз шиносоӣ бо адабиёти таърихӣ ва археологӣ, материалҳои архивии археологӣ оид ба маҳалли разведка, интихоби таҷҳтзот ва асбобу анҷом оғоз меёбад. Барои Разведкаи археологӣ доштани ҳуҷҷати махсус (масалан, дар СССР «Варақи кушод») шарт аст. Дар вақти ҷустуҷӯи ёдгориҳои археологӣ мавқеи табиии ёдгориҳои давраҳои таърихтро ба назар мегиранд. Барои Разведкаи археологӣ аз авиатсия низ истифода мебаранд. Ҳангоми Разведкаи археологӣ аломати асооии мамонҳо — қабати маскун ва ашёи қадимаро ба эътибор мегиранд. Аз назаргузаронии маҳал ва сӯҳбат бо аҳолӣ шарти асосии Разведкаи археологӣ ба ҳисоб меравад. Разведкаи археологӣ аз солҳои 40—50 асри 20 маъмул гардид. Хулосаҳои Разведкаи археологӣ барои интихоби объекти ҳафриёти археологӣ чун асос хизмат мекунанд (ниг. Ҳафриёти археологи).

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …