Маълумоти охирин

РАВҒАН

РАВҒАН, 1) ранғани ростанӣ, маҳсулотест, ки аз ашёи хоми равғандор мегиранд ва асосан (95— 97%) аз триглитсеридҳо — пайвастҳои органикӣ, эфирҳои мураккаби глитсерин ва кислотаҳои равған таркиб ёфтааст.

ravghan

Илова ба ин Равғани растанӣ муму фосфатидҳо, инчунин кислотаҳои озоди равған, липохромҳо, токоферолҳо, витаминҳо ва дигар моддаҳои рангдеҳ, таъм ва буй дорад. Pавғани растаниҳо инҳоанд; Равғанҳои зардолу, чормағзи заминӣ, шафтолу, хардал, каков, норҷил, рапс, ка­лу, тарбуз, сидра, капаб, ҷуворимакка, равғани кунҷид, равғани зағир, равғани зайтун, равғани оф­тобпараст, равғани пахта, равғани кунакунҷид ва ғайра.

X о с и я т и Pавғани растаниҳо аз рӯи таркиб ва миқдори кислотаҳои равған, ки триглитсеридҳо ба вуҷуд меоранд, муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …