Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РАТИФИКАТСИЯ

РАТИФИКАТСИЯ

РАТИФИКАТСИЯ, тасдиқ (аз лотинӣ ratus — тасдиқшуда ва … фикатсия), аз тарафи органи олии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ шудани шартномаҳои байналхалқие, ки онро намояндаи ваколатдори давлат имзо кардааст. Ратификатсия ба органи олии ҳокимияти давлатӣ имконият медиҳад, ки ӯҳдадориҳои аз рӯи шартнома қабулкардаи давлат ва ҳолатҳои ба имзо расидани шартномаро пурра дида баромада, онро тасдиқ кунад. Давлат ҳуқуқ дорад Ратификатсияи шартномаро рад намояд, ки ин ҷиҳат дар таҷрибаи муносибатҳои байналхалқӣ ҷой дорад. Радди тасдиц натиҷаи фаъолияти (акти) нодуруст шуморида намешавад. Одатан мӯҳлати ба амал баровардани Ратификатсия дар шартнома нишон дода намешавад. Масалан, ИМА протоколи Женевагии соли 1925- ро, ки мувофиқи он истифодаи газҳои буғикунанда ё дигар намудҳои он ва воситаҳои бактериологб манъ карда мешуд, фақат баъди 15-соли имзо шуданаш тасдиқ кард.

ratificatsiya-delo

Қонунгузории ҳар як давлат муайян мекунад, ки кадом шартнома ҳатман бояд Ратификатсия карда шавад ва ка­дом органи давлат ҳуқуқи ба амал баровардани онро дорад. Дар СССР мувофиқи моддаи 121-уми Конститутсияи СССР ҳуқуқи Ратификатсияи шартномаҳои байналхалқӣ ба Президиуми Совети Олии СССР дода шудааст. Тартиби Ратификатсияи шартномаҳои байналхалқӣ дар Қонун «Дар бораи тар­тиби бастан, иҷро намудан ва бекор кардани шартномаҳои байналхалқии СССР аз 6 июли соли 1978 пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи моддаи 12-уми ҳамин Қонун шартномаҳои байналхалқӣ дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ, шартномаҳо дар бораи радди мутақобилаи татбиқ ё таҳдиди зӯрӣ, шартномаҳои сулҳ, шартномаҳои сарҳадҳо территориявии СССР бо дтгар давлатҳо ва ғайра ҳатман бонд Ратификатсия шаванд. Қонун ҳамчунин тасдиқи шартномаҳоеро, ки ҳангоми бастани он тарафҳо ба Ратификатсияи минбаъдаи он қарор додаанд, пешбинӣ мекунед. Президиуми Совети Олии СССР инчунин метавонад ди­гар шартномаҳои байналхалқӣ (шартномаҳои савдо ва шартномаҳои оид ба ҳамкории иқтисодии СССР бо дигар мамлакатҳои хориҷӣ)-ро Ратификатсия кунад.

Ратификатсия ба воситаи акти махсус ба амал бароварда мешавад (дар СССР чунин акт Укази Президиуми Совети Олии СССР мебошад). Ратификатсияро ҳар як давлат ба тариқи грамота (грамотаи ратификатсионӣ) тартиб медиҳад, ки дар он органи шартномаро тасдиқкунанда нишон дода, матни шартномаро меоранд. Ҳамчунин қайд мекунанд, ки шартнома аз та­рафи давлати тасдиқкунанда риоя карда хоҳад шуд. Дар поёни он имзоҳои зарурӣ ва мӯҳр мегузоранд. Ҳангоми бастани шартномаи дутарафа ва Ратификатсияи он тарафайн гра­мотат тасдиқӣ (ратификатсионӣ)-ро мубодила мекунанд. Ҳангоми тасди­қи шартномаҳои бисёртарафа давлатҳои иштироккунанда грамотаҳои тасдиқии (ратификатсионии) худро ба ягон давлат (ба шакли депозитарӣ) барои нигаҳдорӣ месупоранд.

С. Қосимов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …