РАСТРЕЛЛИ (Rastrelli) Варфоломей Варфоломеевич (Бартоломео Франческо) (1700, Париж—1771, Петербург), меъмори рус. Намояндаи барҷастаи услуби барокко дар санъати нимаи асри 18 рус. Аслаш аз Италия, соли 1716 ҳамроҳи падараш — ҳайкалтарош Б. К. Растрелли ба Петербург омадааст. Растреллиҳои 1730—63— меъмори дарбор. Растрелли анъанаҳои услуби бароккоро дар санъати меъмории миллии рус ба авҷи аълояш расонда, шукӯҳу салобат, андозаи дақиқ ва ҷиддияти тарҳи иншооти меъмориро бо нафосату рангубори дилчаспи бино, анбӯҳи муҷассамаҳою ҷузъҳои ороишӣ афзуд. Растрелли дар давраи камолоти эҷодӣ (1740—1750) ва баъди он шоҳасарҳои беназири санъати меъмории рус — Дайри Смолний (1748—1754), Қасри зимистонӣ (1754—1762) Қасри М. И. Воронсов (1749—1757), Қасри С. Г. Строганов (1752—1754) дар Петербург, Қасри Калон дар Петергоф (1747—1752; ҳоло Қасри Петр ном дорад), Қасри Екатерина дар Сарское Село (1752—1757; ҳоло шаҳри Пушкин), як қатор биноҳон маъмурию диниро офаридааст.