РАСТАИ АВТОМАТӢ, хати автом а т ӣ, системаи мошинҳо, маҷмӯи таҷҳизоти асосӣ ва ёрирасонест, ки тамоми ҷараёни истеҳсол ё коркарди маҳсули истеҳсолотро автоматӣ ба иҷро мерасонад. Вазифаи ашхоси хизматрасони Растаи автоматӣ аз идора ва назорати кори агрегату қитъаҳои раста, таъмиру соз кардани онҳо иборат аст. Растаҳое, ки дар онҳо барои иҷрои ягон қисми просесси истеҳсолӣ (масалан, ба кор андохтан ва боздоштани ягон,агрегат, гузоштан ё гирифтани маҳсули истеҳсолӣ ва ғайра) иштироки инсон за-рур аст, растаҳои нимавтоматӣ ном доранд.
Растаи автоматӣ ё дар асоси автоматонии таҷҳизоти мавҷуда, ё худ дар асоси сохтмони автоматҳо, нимавтоматҳо ва дастгоҳҳои агрегатии махсус ба вуҷуд оварда мешавад. Растаи автоматӣ дар заводҳои автомобилу трактор, заводҳои истеҳсоли блокҳои силиндрҳо, наварду поршенҳо ва ғайра истифода мешавад. Яке аз аввалин Растаи автоматӣ 1939 дар заводи тракторсозии Волгоград бо таклифи коргари навовар И. П. Иночкин ба кор андохта шуд. Растаи автоматӣ аз 22 дастгоҳ иборат буда, дар он якбора 350 шпиндел кор мекунад. Иқтидори якҷояи муҳаррикҳои электрии ин Растаи автоматӣ 113 кВт буда, соате 20 блок истеҳсол менамояд. Онро ҳамагӣ 4 кас идора карда метавонад, ҳол он ки худи ҳамин корро дар дастгоҳҳои автоматӣ 24 кас ба анҷом мерасонд. Растаи автоматӣ се навъ мешавад: махсус (барои коркарди маснуоти муайян), мушаххас (барои коркарди маҳсулоти якхела дар диапазони муайяни параметрҳо) ва куллӣ (барои тайёр кардани навъҳои гуногуни маҳсулот). Растаи автоматӣ устувории сифати маҳсулот, коэффисиенти баланди истифодаи таҷҳизотро таъмин, талаботро ба майдони истеҳсолию қувваи корӣ кам, як қатор нишондиҳандаҳои иқтисодиро беҳтар мекунад. Ниг. низ Растаи амалиёти пайдарҳам.