Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Кӯли РАНГКӮЛ

Кӯли РАНГКӮЛ

РАНГКӮЛ, кӯлест дар pайони Мурғоби ВМКБ. 10 км шарқтар аз роҳи автомобилгарди Хоруғ — Уш, дар хамии Рангкӯл воқеъ гаштааст. Ба­ландии кӯл аз сатҳи баҳр 3780 м. Тӯлаш 5 км, бараш 2,4 км. Масоҳати сатҳи кӯл 10 км2, ҳаҷми об 0,006 км3, чуқуриаш ба ҳисоби миёна 0,5 м, ҷои чуқуртаринаш 1,0—1,2 м. Оби кул ширин. Пайдоишаш — пиряхӣ. Рангкӯлро дарёчаи Узук бо Шӯркӯл пайвастаст.      В.        С. Машков.

rangkul

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …