РАНГ (немисӣ rang — қатор)-и матриса (дар математика), тартиби олитарини аз сифр фарқкунандаи минорҳои ин матрисаро гӯянд. Ранг ба калонтарин адади сатрҳо (ё сунтунҳо)-и хаттӣ новобастаи ҳамон матриса баробар мебошад. Ранг ҳангоми табдилоти матриса (иваз на мудани ҷои сатр ё сутун, ба адади ғайрисифр зарб намудани сатр ё сутун ва ҷамъ намудани сатр ё сутун) тағйир намеёбад. Системаи муодилаҳои хаттӣ танҳо дар мавриде Ҳал дорад, ки Pанги матриса аз коэффисиентҳои назди номаълумҳо тартиб додашуда ҳангоми ба он илова намудани сутуни узвҳои озод бетағйир монад. Агар ин Ранг ба миқдори номаълумҳо баробар бошад, ҳаллӣ мазкур ягона аст.
Tags математика
Инчунин кобед
САХАРИМЕТРИЯ
САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …