Маълумоти охирин

РАНДА

РАНДА, леса, асбоби дуредгарнест барои тарошида суфта кардани чӯбу тахта. Ранда яке аз қадимтарин ва маъмултарин асбобҳои дуредгарӣ буда, вобаста ба таъиноти худ намуд ва номҳои гуногун дорад.

randa

Д о с р а н д а барои корҳои тайёрӣ таъин шудааст. Он досшакл буда, аз ду тараф даста дорад. Бо ин ранда чӯбро аз пӯстлох тоза мекунанд. Кафранда барои бори аввал ран­да кардани тахта истифода меша­вад. Вай тахтаро чандон суфта намекунад. Тахтаро баъди кафранда бо пардозранда суфтатар мекунанд. Бо пайраҳаранда (дарозиаш тақрибан 70 см, бари теғаш 1,5—2 см) дар рӯи тахта пайраҳа мекушоянд. Сипас бо рандаи дигар тахтаро бо сатҳи «пайраҳа» баробар мекунанд. Ҷуфтранда барои ҳамвор намудани тахта таъин шуда, аз ду паҳлу дутоӣ даста дорад. Тарзи истифодаи ҷуфтранда: ду кас рӯ ба рӯи ҳам нишаста, ҳар яке онро бо навбат ба сӯи худ мекашад ва ҳамин тавр тахтаро то ҳадди матлуб суф­та мекунанд. Ҷафсранда асосан барои рандаю суфта кардани паҳлӯи тахта истифода мешавад. Нақшсозак рандаест, ки бо он дар рӯи тахта чӯякҳои ороишӣ мекашанд. Теғи ранда аррашакл бу­да, одатан 3—5 дандона дорад.

Б у к рирандаро барои суфта намудани деталҳои гирда, нимдоира ва ғайра истифода мебаранд. Бо новаранда дар тахта ҷӯяк мебароранд. Дар гирди тахтаҳо бо

п и л тарандаҳот гуногун пилтаҳои ороишӣ мебароранд ва барои сохтани дили дар ва дигар намудҳои орошии чӯбӣ рандаҳои махсус ис­тифода мешавад. Ба рӯи тахтаи (рейкаи) фанери сақфи хона бо чиғиранда пилтаи махсус мебароранд.

Ҳоло дар заводҳои махсус намуд­ҳои такмилёфтаву оҳании Ранда истеҳсол карда мешавад. Намудҳои гуногуни дастгоҳ — рандаҳои электрӣ низ ихтироъ шудаанд, ки онҳо кори дуредгаронро хеле сабук мегардонанд. Бо чунин дастгоҳҳо корхонаҳои дуредгарӣ таҷҳизонида мешаванд ва ин имкомият медиҳад, ки сифати маҳсулот беҳтар ва суръати кор боз ҳам баланд гардад.

Т. Шокиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …