РАМӢ, гиёҳест аз ҷинси бёмерия (Beehmeria), ки ба оилаи газнаҳо тааллуқ дорад. Одатан б ё м е р ия и с а и-с а ф е д ё газнаи чина — В. nivea ва Pамии сабз — В. viridis б В. Utilis-po Рамӣ меноманд. Рамӣ гиёҳи бисёрсолаест, ки пояи рост, хӯшаи сергул ва гули майдаи якҷинса дорад. Рамиро аз қадим барои лифаш киштукор мекарданд. Аз лифи Рамӣ нахи дарозу мустаҳкам (62—95 мм), ҷиллодор ва напӯсанда мегиранд, аз нахи он коғази аълосифату тӯри моҳигирӣ ва матоъҳои техникӣ тайёр мекунанд. Асосан дар Хитой ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ғарбӣ мепарваранд. Дар СССР барои парвариши Рамӣ бештар иқлими ноҳияҳои Закавказия ва Осиёи Миёна мувофиқанд.
Ад.: Синягин И. И., Тропическое земледелие, М., 1968.