Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҶОӢ Сайфуддин Маҳмуди Исфаҳонӣ

РАҶОӢ Сайфуддин Маҳмуди Исфаҳонӣ

РАҶОӢ Сайфуддин  Маҳмуди Исфаҳонӣ (соли таваллуд номаълум — вафот 1555), шоири форс-тоҷик. Раҷоӣ илмҳои маъмули замонашро ба хуби азхуд карда буд. Дар тазкираҳо шавқу ҳаваси беандозааш ба ҳисобу ҳандаса (математика) қайд гардидааст. Раҷоӣ дар дарбори ҳукмрони давраш котиби расмӣ буда, муомилоти девонӣ; (канселярӣ)-ро ба хубӣ анҷом медод.

Раҷоӣ аз авлодоии Камолуддини Исмоили Исфаҳонӣ буда, яке аз шоирони маъруфи замонаш ба шумор  мерафт. Соммирзои Сафавӣ дар бораи Раҷоӣ чунин менависад: «… чуй  тақрироташ дар ваҷҳи маъқулӣ ва адои калимоташ дар ниҳояти ширинӣ ва мақбулӣ, ман ӯро хушлаҳҷа гуфтаам». Дар навъҳои гуногуни ; шеър (қасида, ғазал, рубоӣ ва ғайра)  асарҳо офаридааст. Дар ҳаҷву мутойиба маҳорати калон доштааст.  Аз миқдори ашъор ва ё девони Раҷоӣ тазкиранависон  ҳеҷ гуна иттилое надодаанд. Рубоии зерин аз эҷодиёти  Раҷоӣ аст, ки дар «Тӯҳфаи Сомӣ» оварда шудааст:

Он гул, ки дили аҳли вафоро хун кард,

Хун кард чунон ки кас надонад чун кард.

Сарпапҷа ба хуни ошиқон гулгун кард,

Чун шохи гуле, ки ғунчаҳо берун кард.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …