РАҶАБОВ Саид (таваллуд 1895, деҳаи Зимчуруди ҳозира райони Ленин), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948), Устоди пахтаи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1947). Аъзои Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1939. Солҳои 1927—30 колхозчии колхози «Съезди 22-уми партия», 1930—36 раиси Совети қишлоқи Чортеппа, 1936 —37 раиси комиҷроия, 1937—40 сардори шӯъбаи маҳсулоттайёр к у н и и район, 1940—59 раиси колхози «Съезди 22-уми партия»-и райони Ленин ва аз соли 1969 нафақахӯри шахсӣ. Раҷабов дар инкишофи соҳаи пахтакории район саҳми калон дорад. Бо ордени Ленин, ордени «Нишони Фахрӣ», ме-далҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.