Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАЙНИС Ян

РАЙНИС Ян

rainis

РАЙНИС Ян (тахаллусаш; ном ва фамиляаш Янис П л и е к ш а н с; 11.9. 1865, хутори Варелавана, ҳозира совети қишлоқи Рубени райони Екабпилс —12. 9. 1929, Рига), шоир, драматург, ходими ҷамъиятии латиш, Шоири Халқии РСС Лат. (1940). Солҳои 1884 -1988 дар факултети ҳуқуқшиносии Университети Петербург таҳсил кардааст. Ҷаҳонбинии материалистии ӯ дар ҳамон ҷо ташаккул ёфтааст. Асарҳояш аз соли 1887 нашр шудаанд. Солҳои 1891—1995 мудҳаррири газетаи «Диенас лапа» буд. Моҳи июни 1897 ӯро ҳабс карданд. Дар ҳабс тарҷумаи «Фауст»-и Гётеро ба забони латишӣ ба итмом расонид. Декабри 1897 Райнисро ба Псков ва соли 1899 ба шаҳри Слободски губернатори Вятка бадарға карданд.  Соли 1903 Райнис аз бадарға баргашта, фаъолияти худро бо муборизаи сотсиал- демократияи латиш пайваст. Дар драмаи рамани «Оташ ва шаб» (1905) мубориза, зиндагӣ ва инкишофи абадии он суруда шудааст. Соли 1905 маҷм. «Ниҳолҳои тӯфон»-и ӯ ба табъ расид. Охири соли 1905 Райнис пинҳонӣ ба Швейтсария муҳоҷират кард. Дар он ҷо маҷмуаҳои шеърҳо ва песаҳо офарид. Вақте ки дар Лат­вия реаксия ҳукмфармо гардид, Райнис ҳанчун ҷорчии мубориза баромад карда, мағлубияти пролетариатро ҳамчун ҳодисаи муваққатӣ маънидод намуд. Мавзӯи синфи коргар, пролетариат яке аз мавзӯъҳои асосии эҷодиёти Райнис буд (маҷм. «Интиҳо ва ибтидо», 1912). Песаи «Вазон бош, шамолак!» (1913) дар драматургияи Латвия мавқеи муҳимро ишғол кард. Райнис офарандаи жанри фоҷиа дар адабиёти латиш мебошад («Юсуф ва бародарони ӯ», 1919). Солт 1920 Райнис ба ватан баргашт. Солҳои 20 Райнис фоҷиаи «Илья Муромец» (1922) ва маҷм. “Панҷ дафтари эскизҳои Дагда”-ро (1920—1925) таълиф намуд. Асарҳои Райнис ба забонҳои халқҳои ҷаҳон тарҷума шудаанд. Дар шаҳри Юрмала хона-музейи Райнис мавҷуд аст.

Ос.: Соч., т. 1—2, М., 1955; Лирика, М., 1965.

Ад.:       Краулинь К., Яв Райнис, М., 1957; Сокол Э., Жизнь  творче­ство Яна Райниса, Рига, 1957.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …