РАҲИМОВ Рашид Каримович (таваллуд 4. 5. 1932, Хуҷанд), иқтисодчии советӣ, доктори илми иқтисодӣ (1969), профессор(1970), аъзо-корреспондент. Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. (1973). Аъзои Комунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1959. Соли 1949 Техникуми кооперативии шаҳри Ленинобод ва соли 1953 Институти хоҷагии халқ ба номи Г. В. Плеханови Москваро хатм кард. Солҳои 1954—57 аспирант, 1957—58 ёрдамчии ноиб-президенти Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, 1958— 63 мудири сектори саноат, 1963—64 мудири шӯъбаи иқтисодиёт ва аз соли 1964 директори Институти иқтисодиёти Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Асарҳои ӯ асосан ба масъалаҳои такрористеҳсоли васеи фондҳои асосӣ, самаранокии истифодаи онҳо, тараққии хоҷагии халқ ва саноати республика, баланд бардоштани самаранокии истеҳсо- лоти ҷамъиятӣ оиданд. Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Гра- мотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Асос: Основные производственные фонды промышленности Таджикистана, Душанбе, 1962; Основные производственные фонды и эффективность их использования в промышленности Средней Азии, Душанбе, 1965; Фондоемкость продукции в промышленности Средней Азии, Душанбе, 1968; Проблемы эффективности и пути развития экономики Таджикистана, Душанбе, 1976.
М. Ёқубов.