РАҲИМОВ Абдулло (таваллуд 1. 6. 1932, қишлоқи Ҳоити райони Ҳоити вилояти Ғарм), файласуфи советӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор. Аз оилаи деҳқон. Аъзои Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1952. Соли 1957 Институти педагогии Кӯлобро хатм кардааст. Солҳои 1957—59 директори мактаби миёнаи № 1 ба номи Лоҳутии райони Обигарм. Солҳои 1959—62 аспирант, солҳои 1962—63 ходими калони илмии шӯъбаи фалсафаи Академияи Фанҳои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон. Солҳои 1963—71 проректор ва солҳои 1971—72 ректори Институти педагогии Кӯлоб. Солҳои 1972— 73 дотсенти кафедраи фалсафа ва коммунизми илмии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон. Солҳои 1973—78 дотсент, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи фалсафа ва коммунизми илмии Институти тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Аз охири соли 1978 мудири кафедраи мазкур мебошад. Тадқиқи масъалаҳои дигаргунсозии моддию маънавии деҳоти тоҷик дар замони сотсиализм, нашъунамои маданияти деҳот, ояндаи базаи моддӣ-техникии колхозу совхозҳо мазмуни асосии асарҳои Раҳимов мебошад.
Асос: Базаи моддӣ-техникии колхоз ва совхозҳо, Душанбе, 1962; Нишонаҳои коммунизм дар воқеияти советӣ, Д.ушанбе 1964; Деҳоти Тоҷикистон дар роҳи коммунизм, Душанбе, 1966; Нашьунамои маданияти деҳоти тоҷик, Душанбе„ 1978; Социально-экономическое преобразования в таджикской деревне, Душанбе, 1968; Проблема человека в философии, Душанбе, 1970.