Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАҲИМИИ ҲИРАВӢ

РАҲИМИИ ҲИРАВӢ

РАҲИМИИ ҲИРАВӢ (соли таваллуд номаълум — вафот 1587, Миёнколи Самарқанд), шоири форс-тоҷик. Зодгоҳаш Ҳирот. Дар Самарқанд таҳсил карда, чун шахси донишманд ва хуштабъ шӯҳрат ёфт. Дар шеър шогирди Мушфиқӣ буд. Раҳимии Ҳиравӣ ба иншои навъҳои гуногуни шеърӣ даст зада, ба қавли тазкиранависон дар сурудани ғазал маҳорати бештаре доштааст. Намунаҳои осори Раҳимии Ҳиравӣ дар тазкираву баёзҳо омадаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …