Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / РАДЛОВ Василий Ва­силевич

РАДЛОВ Василий Ва­силевич

radloff-v-v

РАДЛОВ (Radloff) Василий Ва­силевич (Фридрих Вилҳелм; 5. 1. 1837, Берлин —12. 5. 1918, Петро­град), шарқшинос, этнограф ва ар­хеологи рус; акад. АФ Петербург (1884). Университети Берлинро хатм карда­аст (1858). Директори Музеи Осиёи АФ (1885—1890), Музейи антропология ва этнографияи АФ (1894—1918), яке аз ташаббускорон ва раиси Ко­митети русии омӯзиши Осиёи Шарқӣ ва Миёна (1903—1918) буд. Солҳои 1860—1870 ба Олтой, Сибир, Қазоқистон в а Осиёи Миёна экспедитсияҳо ташкил карда, доир ба забон, фолк­лор, этнография ва археологияи халқҳои турк материал ҷамъ овард. Соли 1891 роҳбари экспедитсияи АФ дар Урхон (Муғулистон) буд. Соли 1898 бо роҳбарии Д. А. Клементс ба Турфон (Осиёи Марказӣ) экспеди­тсия ташкил намуд. Аввалин шуда катибаҳои қадимии туркиро хонда, ба омӯзиш ва нашри осори қадимии уйгурӣ, ки Д. А. Клементс ёфта буд, cap кард.

Радлов яке аз асосгузорони омӯзиши муқоисавӣ-таърихии забонҳои туркист («Грамматикаи муқоисавии забонҳои шимолии туркӣ», ҷилди 1, 1882; «Катибаҳои туркии қадимии Муғулистон», 1894—1895; «Мадхали тавсифи морфоло­гияи забонҳои туркӣ», 1911). Матнҳои зиёди забонҳои туркиро ба табъ расонидааст («Намунаҳои адабиёти халқии қавмҳои турк», ҷилдҳои 1—10, I860—1907; «Луғати лаҳҷаҳои тур­кӣ», ҷилдҳои 1—4, 1882—1909). Чанде аз асарҳои Радлов ба таснифот, шевашиносии таърихии забонҳои туркӣ ва ғайра бахшида шудаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …