Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РАДАИ БЕЛОРУССИЯ

РАДАИ БЕЛОРУССИЯ

РАДАИ БЕЛОРУССИЯ , ташкилоти контрреволютсионии буржуазӣ — миллатчигӣ дар Белоруссия солҳои 1917—1918. Июли 1917 дар Минск, дар съезди ташкилотҳои буржуазӣ миллатчигии Белоруссия таъсас ёфт. Радаи Белоруссия бо меншевикон, эсерҳо ва бундчиён созиш мекард; кори тайёр кардани револютсияи сотсиалистиро дар Белоруссия вайрон кардани буд, Баъди ғалабаи Револютсияи Октябр Радаи Белоруссия бар зидди Ҳокимияти Советӣ баромад. Радаи Белоруссия дар муроҷиатнома ба халқ, ки 9 (22) ноябри 1917 бо ҳамрозии гурӯҳҳои дигари контрреволютсионӣ интишор намуд, ба сарнагун кардани Ҳокимияти Советӣ даъват мекард. Радаи Белоруссич 15 декабри 1917 дар Минск ба ном «Конгресси умумибелоруссиягӣ»-ро даъват намуд, ки он дар бораи эътироф накардани органҳои маҳаллии Ҳокимияти Советӣ қарор қабул кард. Совети Комиссарони Халқи Вилояти Ғарбӣ азму иродаи меҳнаткашонро иҷро намуда, «конгресс»-ро пароканда кард. Баъди ин Радаи Белоруссия ба роҳи муборизаи мусаллаҳонаи зиддии Ҳокимияти Советӣ гузашт ва корпуси дар территорияи Белоруссия будан легионерҳои полякии генерал И. Р. Довбор — Мусницкро ба худ ниқоб карда, қувваҳои ҳарбии худашро ташкил дод. Арафаи шаби 20 феврали 1918 корпуси легионерҳои поляк бо иштироки отрядҳои Радат Белоруссия Минскро ишғол намуда, онро ба интервентҳои немис дод. Бо розигии ҳайати фармондедии немис Р. Б. “Ҳукумати республикаи халқии Белоруссия”-и лӯхтакмонандро бо сардории помешик Скирмунт ташкил дод ва марти 1918 Белоруссияро аз Россия ҷудо эълон карда, декретҳои Ҳокимияти Советиро бекор намуд. Баъди озод карда шу­дани Белоруссия аз тарафи Армияи Сурх январи 1919 Радат Белоруссич мавҷудияти худро қатъ намуд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …