РАСАДХОНАИ АЭРОЛОГӢ, муассисаи тадқиқотиест, ки массаи ҳаво, режими ҳароратӣ, абру боришот, турбулентияти атмосфера, баланси радиатсионӣ ва ғайраро дар баландиҳои 100 км ва аз ин ҳам беш тадқиқ мекунад. Асбобу афзори Расадхонаи аэрологӣ ба воситаи радиозонд, самолёт, аэростат, мушак ва радифнии маснӯъ ба атмосфера бароварда мешаванд. Расадхонаи марказии аэрологӣ (дар назди Москва) яке аз калонтарин Расадхонаи аэрологӣ ба ҳнсоб меравад.