Маълумоти охирин
Главная / Илм / РЕАКСИЯИ ЯДРОИИ МУСАЛСАЛ

РЕАКСИЯИ ЯДРОИИ МУСАЛСАЛ

РЕАКСИЯИ  ЯДРОИИ МУСАЛСАЛ, реаксияи аз таъсири нейтронҳо тақсимшавии ядроҳоро гӯянд, ки дар ҷараёни он зимни ҳар як тақсимшавӣ бештар аз як нейтрон хориҷ мешавад ва амалёти мазкурро пайваста нигоҳ медорад. Аз таъсири нейтронҳо тақсим шудани ядроҳоро бори аввал (1939) олимони немис 0. Ган ва Ф. Штрасман кашф карданд. Баъдтар Ф. Жолио-Кюри, Э. Ферми, У. Зинн, Л. Силард (Ссилард) ва Г. Н. Флёров нишон додаанд, ки ҳангоми тақсимшавии ядро андаряк 2—3 нейтрон хориҷ мешавад ва ин амр барои амалӣ намудани Реаксияи ядроии мусалсал мусоидат мекунад.

Реаксияи ядроии мусалсал  аз бархӯрди як нейтрон бо як ядро оғоз мешавад. Нейтронҳое, ки ҳангоми пора шудани ядрои аввала ҳосил мешаванд (насли якум) дар навбати худ ядроҳои дигарро пора карда насли нави нейтронҳоро ба вуҷуд меоранд ва ғайра. Масалан, аз ҳар се нейтрони сонӣ 2-тояш 2 ядроро пора кунад, пас- аз 80 насл ‘реаксияе, ки бо такони як нейтрон оғоз шудааст ҷамеи ядроҳои як килограмм моддаи тақсимшавандаро фаро мегирад. Вусъати реаксияи мусалсалро асосан аз рӯи коэффисиенти афзоиш К муайян мекунанд, ки он ба нисбати шумораи нейтронҳон як насл бар шумораи нейтронҳои насли дигар баробар аст. Системаи критикӣ гуфта системаеро меноманд, ки дар он К = 1 буда дар рафти реаксия миқдори нейтронҳон ҳосила тағйир намеёбад. Агар /Г > 1 бошад, он системаро ифротӣ (баъдикритикӣ) мегӯянд: Дар ин маврид реаксия чунон босуръат ҷараён мегирад, ки охир таркиши ядроӣ ба амал меояд. Одатан на ҳамаи нейтронҳои ҳосила ба нишон расида ядроҳоро пора мекунанд, чанде аз онҳо талаф меёбанд. Агар миқдори талаф аз ҳад зиёд бошад Реаксияи ядроии мусалсал ба амал намеояд. Андозаҳои хаттӣ ва массаи моддаи тақсимшаванда ҳар қадар хурд бошанд, эҳтимоли талаф ёфтани нейтронҳо ҳамон қадар калон аст. Шароити мусоиде, ки зимни он дар моддаи тақсимшаванда Реаксияи ядроии мусалсал  ба амал омада метавонад, шароити критикӣ ном дорад. Ин шароит аз рӯи андозаҳои геометрӣ, зичӣ ва массаи модда муайян мешавад. Алҳол Реаксияи ядроии мусалсал  танҳо дар уран ва баъзе элементҳои моварои уран (трансуранӣ), масалан, плутонии — 239 ба амал бароварда шудааст. Уран — 235 ва уран — 2,33 худ аз худ ва ё аз таъсири нейтронҳо (сустгард ё тезгард) пора мешаванд. Эҳтимоли порашавии ядроҳои уран — 238 аз таъсири нейтронҳои тезгард (энергияашон аз 1 МэВ кам набуда) бештар аст. Ҳангоми бо нейтронҳои сустгард таъсир кардан уран — 238 онҳоро рабуда, ба, плутоний —239 табдил меёбад, ки хосиятҳои ядроиаш ба ҳосиятҳои уран — 235 наздиканд. Таҷҳизоти техникиеро, ки дар он Реаксияи ядроии мусалсали худнигоҳдорандаю идорашаванда ба амал оварда мешавад, реактори ядроӣ меноманд.

Ф. Нормуродов, Я. Шукуров.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …