Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ СОТСИАЛИСТӢ

РЕВОЛЮТСИЯИ СОТСИАЛИСТӢ

РЕВОЛЮТСИЯИ    СОТСИАЛИСТӢ, Револютсияи    пролетарӣ, навъи олии револютсияи иҷтимоиест, ки дар натиҷаи он гузариш аз формасияи ҷамъиятию иқтисодии капиталистӣ ба формасияи коммунистӣ [ба амал меояд. Вазифаҳои асосии Револютсияи сотсиалистӣ аз тарафи синфи коргар ба даст овардани ҳокимият, шикастани сохти кӯҳнаи давлатӣ, ҷорӣ на-дудани моликияти ҷамъиятӣ ба воситаҳои истеҳсолот, бунёди систе-маи идоракунии бошууронаи ҳаёти  иқтисодию иҷтимоӣ, барҳам додани : антагонизми синфӣ ва миллӣ, нобуд сохтани истисмори одам аз тарафи  одам, инкишофи демократияи сотсиалистӣ ва револютсияи маданӣ мебошад. Револютсияи сотсиалистӣ  ба маънои том тамоми давраи гузаришро аз капитализм ба сотсиализм дарбар мегирад. Дар маънои ҷузъӣ ба дасти синфи коргар гузаштани ҳокимият, барпо намудани диктатураи онро ифода мекунад. Зиддияти байни характери ҷамъиятӣ доштани истеҳсолот ва шакли хусусии капиталистии азхудкунии заминаи мустаҳками иқтисодии Револютсияи сотсиалистӣ  мебошад.

r-kabiri-oktyabr

Барои вуқӯи Револютсияи сотсиалистӣ  дар баробари шароитҳои объективӣ камолоти омилҳои субъективӣ, яъне мубори-заи фаъол ва бошууронаи синфи коргар ва оммаи меҳнаткаш барои сотсиализм, мавҷуд будани партияи марксистӣ лозим аст. Револютсияи сотсиалистӣ  аз муборизаи синфии пролетариат ба вуҷуд меояд, ки вай қувваи асоси ва гегемонӣ револютсия аст.

Иттифоқи синфи коргар бо табақаҳои ғайрипролетарии меҳнаткашон шарти зарурии ғалабаи Револютсияи сотсиалистӣ  бошад. Ҳоло дар мамлакатҳои Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ (сари аҳолӣ деққонон мебошанд. дар ин мамлакатҳо ғалабаи Револютсияи сотсиалистӣ  бе иттифоқи синфи коргар ва деҳқонон имконнопазир аст. Дар мамлакатҳои  мутараққии капиталистӣ бошад, бо  таъсири револютсияи илмию техникӣ шумора ва таъсири интеллигенсияи илмию техникӣ меафзояд. Иттифоқи аҳли меҳнати ҷисмонӣ ва фикрӣ ба қувваи пурзӯри мубориза ба муқобили монополия табдил меёбад. Ба тарафи пролетариат ҷалб кардани табақаҳои миёнаи шаҳр ҳам аҳамияти калон дорад. Синфи коргар, деҳқонон ва табақаҳои дигари ҷамъият ба нест кардани ҳокимияти ка-питал ва сохтани сотсиализм манфиатдор буда, базаи иҷтимоиеро ташкил медиҳанд, ки аз он қувваҳои сиёсии Револютсияи сотсиалистӣ ташаккул меёбанд.

Шаклқои Револютсияи сотсиалистӣ  вобаста ба шароити конкретии таърихӣ, таносуби қувваҳои синфӣ дар мамлакатҳои мухталиф тағйир меёбад. Револютсияи сотсиалистӣ  мумкин аст бо роҳи осоишта ба амал ояд. Дар шароити ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр, ки таносуби қувваҳо дар ҷаҳон ба фоидаи синфи коргар набуд, бо роҳи осоишта ғалаба кардани Револютсияи сотсиалистӣ  амри муҳол буд.

Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (4939 —45) дар баъзе мамлакатҳои Европа дар натиҷаи тағйир ёфтани вазъияти ҷаҳон инкишофи Револютсияи сотсиалистӣ  нисбатан хусусияти осоишта пайдо кард. Дар замони ҳозира дар як қатор мамлакатҳои капиталистӣ барои бо роҳи осоишта ғалаба кардани Револютсияи сотсиалистӣ  имконият мавҷуд аст. Тағйир ёфтани таносуби қувваҳо ба фоидаи синфи коргар ва сотсиализм, афзудани мубориза барои демократия, дигаргуниҳои умдаи зиддимонополистӣ чунин имкониятро фароҳам овардааст. Партияҳои марксистию ленинии ин мамлакатҳо дар мубориза барои пеш гирифтани тадбирҳои мазкур дар роҳи ислоҳоти умдаи демократӣ, ки миллӣ кардани соҳаҳои асосии хоҷагии халқ, банкҳо, ҷорӣ намудани назорати демократӣ, баплангирии иқтисодиёт, иш-тироки коргарон дар идоракунии истеҳсолот, демократикунонии ҷаб-ҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиро дар бар мегирад, диққати ҷиддӣ медиҳанд.

Револютсияи сотсиалистӣ  характери байналхалқӣ дорад. Вай аз зиддиятҳои ботинии империализм ҳамчун системаи ҷаҳонӣ сар мезанад. Вале дар натиҷаи нобаробарии тараққиёти иқтисодию сиёсии капитализм Револютсияи сотсиалистӣ  дар мамлакатҳои мухталиф дар вақтҳои гуногун ғалаба мекунад.

Револютсияи сотсиалистии ҷаҳонӣ таҷассуми диалектикаи кул ва хос аст. Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар баробарӣ ба қонунҳои умумӣ доро буданаш хусусияти таърихии Россия ва замони худро ифода мекард. Револютсияҳои халқию демократӣ дар як қатор мамлакатҳои Европа низ хусусияти худро доранд. Револютсияи сотсиалистӣ  дар Корея, Ветнам ва Куба низ дар шакли хос ба амал омадааст. Бо вуҷуди лн ҳама ҷиҳатҳои хос револютсияҳои мазкур моҳияти ягона доранд, ки аз таъмин намудани гузариши ҷамъият аз капитализм ба сотсилизм иборат аст. Назарияи илмии Револютсияи сотсиалистиро Карл Маркс, Фридрих Энгелс таҳия намуда, Владимир  Илич  Ленин онро эҷодан инкишоф дод. Ғояҳои ленинӣ минбаъд дар ҳуҷҷатҳои Интернатсионали Коммунистӣ инки-шоф дода шуданд. Дар замони ҳозира назарияи Револютсияи сотсиалистӣ  дар ҳуҷҷатҳои Маҷлисҳои машваратии партияҳои коммунистӣ ва коргарӣ, ПрограммаиКоммунистическая Партия Советского Союза КПСС, материал ва қарорҳои съеадҳои партияҳои марксистӣ-ленинӣ ривоҷ меёбад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …