РЕВОЛЮТСИЯИ КАБИРИ СОТСИАЛИСТИИ ОКТЯБР, дар таърих башарият нахустин револютсияи музаффари сотсиалистист, ки октябри 1917 синфи коргари Россия бо деҳқонони камбағалтарин иттифоқ баста, таҳти роҳбарии Партияи коммунистӣ бо сардории Владимир Илич Ленин ба амал баровард. Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар мамлакати мо ҳокимияти буржуазия ва помещиконро сарнагун, диктатураи пролетариатро барқарор ва давлати советии сотсиалистиро бунёд карда, дар таърихи инсоният давраи нав — давраи аз капитализм ба сотсиализм гузаштанро кушод.
Ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр тантанаи таълимоти марксизм-ленинизм гардид. Қонунҳои объективии ногузирии револютсияи сотсиалистӣ, барқарор гардидани диктатураи пролетариат ва аз капитализм ба сотсиализм гузаштани инсониятро асосгузорони коммунизми илмӣ Карл Маркс, Фридрих Энгелс кашф ва аз ҷиҳати илмӣ асоснок намуданд. Владимир Илич Ленин таъ-лимоти марксистиро дар бораи револютсияи сотсиалистӣ дар давраи империализм ҳаматарафа инкишоф дода, дар асоси қонуни тараққии нобаробари иқтисодӣ ва сиёсии мамлакатҳои капиталистӣ дар давраи империализм ба чунин хулоса омад (соли 1915), ки револютсияи пролетарӣ мумкин аст аввал дар якчанд ва ё ҳатто дар як мамлакат ғалаба кунад. Россия қариб дар як вақт бо мамлакатҳои мутараққӣ (охири а.сри19— ибтидои асри 20) ба давраи империализм дохил шуд. Дар саноати мамлакат иттиҳодияҳои монополистӣ аз қабили «Продамет», «•Продуголь», «Продвагон» ва ғайра ҳукмрон гардиданд. Чунончи «Продамет» 30 корхонаи калонтарини металлургӣ ва ҷамъиятҳои аксионериро муттаҳид менамуд, бештар аз 70% капитали аксионериро, ки ба металлургияи Россия гузошта шуда буд, идора мекард ва 80% маҳсулоти металлургиро истеҳсол менамуд. Синдикатҳои дигар бошанд, аз 75—80% то 90—100% тамоми истеҳсолот ва фурӯши маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳоро монополия карда буданд. Дар баробари монополияҳои саноатӣ иттиҳодияҳои бузурги банкӣ низ ба вуҷуд меомаданд. Дар арафаи Ҷанги якуми ҷаҳонӣ 13 банки Петербург 65% тамоми капитали хусусӣ ва бештар аз 72% маблағгузориҳоро дар дасти худ нигоҳ медошт. Марказият ёф-тани капитали банкӣ дар Россия назар ба дигар мамлакатҳо ба дараҷаи баланд расида буд. Капитали банкӣ бо капитали саноатӣ як шуда капитали молиявиро ба вуҷуд овард, ки он дар иқтисодиёти мамлакат торафт бештар аҳамияти калон пайдо мекард. Капитали монополистӣ дар соҳаҳои муҳими саноати вазнин ҳукмрон буд. Дар баробари ин капитализми монополистӣ ба капитализми давлатӣ-монополистӣ сабзида мерасид.
Хуллас, ба дараҷаи монополӣ расидани саноат, консентрасияи капитали банкӣ, дараҷаи тараққии капитализми давлатӣ-монополистӣ далели онанд, ки заминаҳон моддии револютсияи сотсиалистӣ дар Россия пуҳта расидаанд.
Дар баробари афзоиши заминаҳои иқтисодии револютсия дар Россия қувваҳои сотсиалӣ, қувваи ҳаракатдиҳанда ва роҳбарикунандаи он — синфи коргар афзуда мустаҳкам мешуд. Соли 1917 шумораи умумии пролетарҳои шаҳру қишлоқ қариб аз 15 миллион нафар иборат буд, ки тақрибан 3,5 миллион онҳо дар заводу фабрикаҳо кор мекарданд. Дар Россия дараҷаи баланди мутамарказёбии синфи кор-гар хос аст. Соли 1915 дар корхонаҳои калоне, ки миқдори коргаронашон аз 500 нафар зиёд буд, қариб 60% миқдори умумии коргарон меҳнат мекарданд. Дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка бошад, танҳо 33% коргарон дар чунин корхонаҳо банд буданд. Дар корхонаҳои калон ва марказҳои муҳимтарини мамлакат ҷамъ омадани миқдори зиёди коргарон, мавҷудияти шаклҳои истисморӣ аз ҳад зиёди коргарон аз тарафи капиталистон, захираи бузурги армияи бекорон, камшумории аристократияи коргарӣ, беҳуқуқии комили сиёсӣ ва худсарии синфҳои ҳукмрон боиси дараҷаи баланди пухтагии сиёсӣ ва револютсионияти пролетариати Россия гардид. Махсусияти аҳволи пролетариати Россия ба паҳн гардидани идеяҳои сотсиалистӣ, баландшавии шуурноки ва муташаккилии он, ташаккулёбии авангарди револютсионии пролетариат —партияи синфи коргар мадад расонд. Ин гуна партия, партияи марксистии типи нав дар ибтидои асри 20 бо роҳбарии Владимир Илич Лнин барпо карда шуд (нигаред, Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ). Синфи коргар дар шахси оммаҳои нимпролетарии шаҳру деҳот такягоҳи боэътимод дошт. «Қафомондагии Россия,— навишта буд Ленин,— револютсияи пролетарии зидди буржуазияро ба як тарзи махсусе бо револютсияи деҳқонон бар зидди помешикон ба ҳам пайваста буд» (Асарҳо, ҷилди 29, саҳифаи 328).
Манфиатҳои куллии оммаи бисёрмиллионаи деҳқонони меҳнаткаш, ки қисми асосии аҳолии Россияро ташкил медод, ӯро иттифоқчии пролетариат дар револютсия гардонд. Дар ибтидои асри 20 дар Россия 30 ҳазор нафар помешикон 70 миллион десятина, 10,5 миллион оилаи деҳқонон танҳо 75 миллион десятина заминро молик буданд. Агар ба ҳар як нафар помешик ба ҳисоби миёна бештар аз 2 ҳазор десятина замин рост ояд, ба ҳар як оилаи деҳқон аз 7 то 15 десятина рост меомад. Соли 1917 30% деҳқонон асп, 34% деҳқонон олоти хоҷагии қишлоқ ва 15% деҳқонон киштзор надоштанд. Мах-сусан камбағалони қишлоқ (65% тамоми аҳолии деҳотро ташкил ме-доданд) аз зулми помешиқон, бойҳо ва подшоҳ азият мекашиданд.
Ҳукумати подшоҳӣ нисбат ба халқҳои ғайрирус сиёсати истисмори дағалана, зӯрӣ ба зӯрӣ русгардонӣ, нисбат ба маданияти миллӣ фишоровариро пеш гирифта, дар байни халқҳо тухми кинаю адоват, душманӣ ва нобоварӣ мекошт. Ба дӯши миллату халқиятҳои (бештар аз 100 миллату халқият) мазлуми ғайрирус дар баробари истисмори беандозаи ҳукумати подшоҳӣ зулму истисмори буржуазияю помешикони маҳаллӣ низ бор шуда буд. Ҷараёни инкишофи объективии ҷамъиятӣ тақозо мекард, ки халқҳои мазлуми Россия, ки аксарияти мутлақашон деҳқонони камбағал буданд, бо синфи коргари рус иттифоқи мустаҳкам баста, дар таҳти роҳбарии ӯ ба муқобили душмани умумӣ — мутлақияти подшоҳӣ ва империализм муборизаи беамон баранд.
Ба ҳам пайвастани тамоми шаклҳои зулм — помешикӣ, капиталистӣ, миллӣ ва истибдоди подшоҳӣ аҳволи оммаи халқро тоқатфарсо ва зиддиятҳои синфиро бениҳоят тезутунд гардонд.
Дар ибтидои асри 20 Россия маркази зиддиятҳои империализми ҷаҳонӣ, ҷои сусттарини он гардид, дар ин ҷо заминаҳои иқтисодӣ ва сотсиалии револютсия пухта расиданд. Маркази ҳаракати револютсионии байналхалқӣ ба Россия кӯчид. Дар мамлакат вазъияти револютсионӣ фароҳам омад, ки он ба револютсияи якуми буржуазӣ-демократии солҳои 1905—07 рус оварда расонд. Ин револютсия барои ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр машқи генералӣ гардид.
Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ибтидои бӯҳрони умумии капитализмро гузошт, ки он тамоми системаи капиталистӣ: иқтисодиёт, сиёсат ва идеологияро дар бар гирифт. Дар натиҷа зиддиятҳои асосии империализм то ҳадди охирин тезутунд шуда, дар Россия барои револютсияи ғалабаовар шароити мусоид фароҳам расид.
«Ҷанг— навишта буд Владимир Илич Ленин,— чунин кризиси бепоёнеро ба вуҷуд овардааст, қувваҳои моддӣ ва маънавии халқро чунон бошиддат ба кор андохтааст, ба тамоми ташкилоти ҳозираи ҷамъиятӣ чунон зарбаҳо задааст, ки инсоният ба аҳволе дучор шудааст, ки бояд аз ду роҳ якеашро хоста гирад: ё нобуд шуда равад ё ихтиёри тақдири худро барои ҳарчӣ зудтар ва ҳарчӣ пурратар ба усули олитари истеҳсолот гузаштан ба дасти синфи аз ҳама револютсионитар супорад» (Асарҳо, ҷилди 25, саҳифаи- 402). Револютсияи буржуазӣ-демократии феврали 1917, ки мутлақияти подшоҳиро сарнагун намуд, дар роҳи ба амал баровардани Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр марҳалаи муҳим гардид. Аммо Револютсияи феврал масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти мамлакат: қатъ кардани ҷанг ва бастани сулҳ, нест кардани заминдории помешикӣ, барқарор намудани рӯзи кории 8-соата, бартараф намудани зулми миллиро ҳал карда натавонист. Пас аз сарнагун шудани мутлақияти подшоҳӣ дуҳокимиятӣ ба вуҷуд омад: Ҳукумати муваққатӣ органи диктатураи буржуазия ва Советҳои депутатҳои коргарону солдатҳо — диктатураи револютсионӣ-демократии кор-гарон ва деҳқонон. Дуҳокимиятиро шароити бағоят мураккабу печ дар печи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки дар он револютсия ба амал омад, ба вуҷуд овард. Ҳукумати муваққатии буржуазӣ, ки онро партияҳои муросочии меншевикон ва эсерҳо дастгирӣ мекарданд, сиёсати империалистӣ, зиддихалқиро пеш гирифта буд. Масъалаҳои куллии ҳаёти ҷамъиятӣ ҳал нагардида монданд. Пролетариати револютсионии Россия бо давраи буржуазӣ-демократии револютсия қаноат карда наметавонист ва чунон ки Владимир Илич Ленин пешбинӣ мекард, ба револютсияи сотсиалистӣ сабзида расидани револютсияи буржуазӣ-демократӣ ҳатмӣ ва ногузир буд. Танҳо револютсияи сотсиалистӣ метавонист масъалаҳои пухтарасидаи прогресси сотсиалиро ҳал карда, сохти буржуазӣ-помешикиро дар Россия сарнагун, тамоми шаклҳои зулми иҷтимоию миллиро нест кунад ва бо мақсади бунёд кардани ҷамъияти сотсиалистӣ дик-татураи пролетариатро барпо намояд.
Владимир Илич Ленин нақшаи конкретӣ ва аз ҷиҳати назариявӣ асоснок кардашудаи мубориза барои аз револютсияи буржуазӣ-демократӣ ба револютсияи сотсиалистӣ гузаштанро кор карда баромад. Ин нақшаро ӯ дар «Мактубҳо аз дур», «Тезисҳои апрелӣ» возеҳу равшан баён карда, мавқеи Партияи коммунистиро дар сарварӣ намудани револютсияи сотсиалистӣ, стратегия ва тактикаи партия, қувваҳои ҳаракатдиҳандаи револютсияро муайян намуд. Иттифоқи револютсионии коргарону деҳқонон қувваи асосие буд, ки бояд ҳокимияти буржуазия ва помещиконро сарнагун намуда, дар шакли Республикаи Советҳо диктатураи пролетариатро барпо мекард. Партияи болшевикӣ таҳти шиори «Тамоми ҳокимият ба Советҳо!» фаъолияти худро барои ба револютсияи сотсиалистӣ сафарбар кардани омма вусъат дод.
Дар Тезисҳои апрелӣ Ленин талаб кард, ки «Ҳукумати муваққатӣ ҳеҷ дастгирӣ карда нашавад». Дар он вақт буржуазия дар дасти худ ягон ҳокимияти реалӣ надошт. Ҳукумати муваққатӣ маҷбур буд бо Советҳо ҳокимиятро тақсим кунад ва наметавонист, ки ба муқобили пролетариат ва партияи он, инчунин оммаҳои револютсионӣ зӯриро истифода барад. Аммо буржуазия партияи худро фаъолу мустаҳкам карданӣ мешуд. Партияи асосии буржуазияи империалистии рус партияи кадетҳо буд. Бо партияи кадетҳо партияҳои дигари буржуазӣ-помешикӣ (октябристҳо ва «прогрессистҳо») якҷоя шуданд. Ин партияҳо бо тамоми роҳу восита бар зидди инкишофи револютсия мубориза мебурданд. Владимир Илич Ленин ба фавраи сарнагун кардани Ҳукумати муваққатӣ даъват намекард, чунки дар он давра вайро Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳо ва Совети депу-татҳои деҳқонон, ки дар роҳбарияти онҳо намояндагони партияҳои муросокори майдабуржуазии меншевикон ва эсерҳо буданд, тарафдорӣ мекарданд. Ин партияҳо даъвои намояндагии коргарон ва деҳқонон карда,. худро партияҳои сотсиалистӣ мешумориданд. Дар асл онҳо қаноти чапи демократияи буржуазӣ буда, такягоҳи асосии ҳукумати буржуазӣ дар Россия ба ҳисоб мерафтанд.
Владимир Илич Ленин таносуби қувваҳоро дар мамлакат ба ҳисоб гирифта, диққати болшевиконро ба он равона кард, ки бо роҳи ташвиқоту тарғиботи пурсаброна моҳияти зидди-инқилобии Ҳукумати муваққатӣ ва бардурӯғии намояндан меҳнаткашон будани меншевикону эсерҳоро фош созанд. Аммо меншевикону эсерҳо кӯшиданд, ки ба ин роҳ надиҳанд. Болшевикон мекӯшиданд, ки дар Советҳо аксариятро ишғол карда, сиёсати онҳоро тағйир диҳанд, ҳу-кумати дар назди Советҳо масъулро барпо намоянд. Ин дастур револютсияро бо роҳи инкишофи осоишта ҳидоят мекард.
Баъд аз Револютсияи феврал болшевикон аз пинҳонкорӣ баромада, байни омма кори ошкорои сиёсию ташкилотчигиро вусъат доданд. Дар тайёр кардани револютсияи сотсиалистӣ Конференсияи 7-уми (Апрелии) умумироссиягии Российская Социал-Демократичкская Партия РСДРП(большевиков) мавқеи калон дошт. Ин конференсия, ки ба съезд баробар буд, роҳи ленинии ба револютсияи сотсиалистӣ гузаштанро комилан қабул кард ва сиёсати партияро оид ба ҳамаи масъалаҳои асосии революсия (муносибат ба ҷанг, ба Ҳу-кумати муваққатӣ, ба Советҳо, муноснбат ба масъалаҳои аграрӣ ва миллӣ) муайян намуд. Чунин кризисҳои сиёсӣ, монанди Кризиси ап-релии соли 1917, Кризиси июнии соли 1917 ва Рӯзҳои июлии соли 1917 ифодаи зиддиятҳои амиқи дохилии иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва бо суръат пухта расидани кризиси умумимиллӣ буданд.
Ҷанги империалистиро давом додани Ҳукумати муваққатӣ, сиёсати зиддихалқии вай қаҳру ғазаби оммаи меҳнаткашонро ба вуҷуд овард, боварии онҳоро ба дурустии идея ва шиорҳои болшевикон афзуд. Партияи коммунистӣ дар байни омма кори бузурги ташвиқотӣ-тарғиботӣ бурда, барои болшевикони Советҳои шаҳру қишлоқ, комитетҳои солдатҳо ва иттифоқҳои касаба мубориза сар кард, Гвардияи сурхро барпо намуд. Партияҳои буржуазӣ (ка-детҳо., эсерҳо, меншевикон) гирифтори кризиси давомнок шуданд. Ҳукумати муваққатӣ бо мақсади нест кардани Советҳо ва барқарор намудани ҳокимияти ягонаи буржуазияи империалистӣ роҳи ҷанги гражданиро пеш гирифт. Тирборон карда шудани намоиши осоиштаи 4 (17) июли коргарони Петроград, ба тарафи буржуазия ғелидани меншевикон ва эсерҳо, ба дасти Ҳукумати муваққатӣ гузаштани тамоми ҳокимиятро таъмин намуд. Ин маънон ба поён расидани дуҳокимиятиро дошт. Советҳо дар натиҷаи хиёнати эсеру меншевикон дар ин давра ҳамчун ҳокимияти халқ моҳияти худро гум карданд, онҳо ба узви зиёдатӣ ва нодаркори Ҳукумати муваққатӣ таб-дил ёфтанд. Дар баробари барҳам хӯрдани дуҳокимиятӣ имконияти бо роҳи осоишта ғалаба кардани ревоютсия аз байн рафт. Ҳукумати муваққатӣ бар зидди болшевикон ҳуҷум сар кард. Ленин маҷбур шуд ба пинҳонкорӣ гузарад. Баъд аз рӯзҳои июлӣ инкишофи револютсия ба давраи нав дохил шуд. Таҳлили ҳаматарафаи вазъияти мамлакат Ленинро ба чунин хулоса овард, ки Партияи коммунистӣ бояд тактикаи муборизаи револютсионии худро тағйир дода, шиори «Тамоми ҳокимият ба Советҳо!»-ро муваққатан аз байн бардорад. Тактикаи нави партияро Владимир Илич Ленин дар тезисҳои «Вазъияти сиёсӣ», дар мақолаҳои «Се кризис», «Оид ба шиорҳо», «Дар бораи хомҳаёлиҳои конститутсионӣ» ва ғайра, кор карда баромада, дар вазъияти рӯйдода истифода кардани шӯришҳои яроқнокро чун ягона воситаи ба даст овардани ғалабаи револютсия асоснок намуд. Хулосаҳои Ленин асоси қарорҳои Съезди 6-уми Российская Социал-Демократичкская Партия РСДРП(большевиков) гардиданд.
Мубориза барои ҳокимият дар байни синфҳою партияҳо торафт вусъат ёфта, буржуазия ва партияҳои майдабуржуазӣ яккаву танҳо мемонданд. Буржуазия бо роҳбарии кадетҳо роҳи дар мамлақат афрӯхтани ҷанги гражданӣ ва бо сардории генерал Л. Г. Корнилов барпо намудани диктатураи ҳарбиро пеш гирифт. 7 сентябри 1917 Корнилов исёни ҳарбӣ бардошт. Вале исёнро оммаи револютсионӣ бо роҳбарии болшевикон торумор кард. Торумори корниловчигӣ лагери контрреволютсионериро ботил ва суст намуд, қувваҳои инқилобиро ошкор сохт, обрӯю эътибори болшевиконро баланд бардошт ва дар мубориза барои ғалабаи револютсияи сотсиалистӣ яке аз марҳалаҳои ҳалкунанда гардид.
Дар мамлакат кризиси умумимиллӣ пухта расид, ки он тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро фаро гирифт. Сиёсати зиддихалқии Ҳукумати муваққатӣ мамлакатро ба дами фалокати миллӣ оварда расонд. Харобии саноат ва нақлиёт, норасоии озуқаворӣ, ашёи хом ва сӯзишворӣ, гуруснагӣ, муфлисии молиявӣ, торафт бештар побанди капитали хориҷӣ гардидани Россия шаҳодати равшани он буданд.
Инкишофи фаъолияти комитетҳои фабрику заводӣ, зиёд шудани шумораи иттифоқҳои касаба ва дар онҳо афзудани нуфузи болшевикон нишонаҳои баланд гардидани дараҷаи худшиносии пролетариат буд.
Ҳаракати корпартоии ин давра бо қатъият, муташаккилӣ ва мақсаднокии сиёсии худ аз дигар давраҳои корпартоӣ фарқ мекард. Ин, алалхусус, дар корпартоии пролетариати Москва ва Петроград, кӯҳканони Донбасс, металлургҳои Урал, нефтчиёни Боку, бофандагони Иваново-Вознесенск зоҳир гардид. Дар бисёр фабрику заводҳо аз болои истеҳсолот ва тақсимот назорати коргарӣ муқаррар карда шуд. Ии чунин маънӣ дошт, ки ҳаракати коргарӣ ба дараҷаи олии инкишофи худ расидааст.
Ниҳоят, зарурате пеш омад, ки синфи коргар дар натиҷаи муборизаи сиёсӣ ва иқтисодӣ ҳокимиятро ба дасти худ бигирад.
Ҳаракати сотсалистии синфи коргар ҳаракати демократии деҳқононро сарварӣ мекард. То моҳи октябри 1917 4250 баромадҳои деҳқонии зидди помешикон ба амал омаданд. Миллионҳо аскарон, махсусан аскарони гарнизонҳои Петрограду Москва, инчунин аскарони фронтҳои Шимолию Ғарбӣ, матросҳои флоти Балтика ба тарафи револютсия гузашта, тавассути органи интихобии худ—Сентробалт моҳи сентябр рӯирост изҳор карданд, ки онҳо Ҳукумати муваққатиро намешиносанд ва ягон фармони вайро иҷро намеку-нанд. Дар гӯшаю канораҳои милли ҳаракати миллию озодихоҳонаи халқҳои мазлум қувват гирифт, ки ин натиҷаи сиёсати бузургдавлатии Ҳукумати муваққатӣ буд. Кори пурфаъолияти ташкилотҳои болшеви-кии маҳалҳои миллӣ ягонагии муборизаи синфи коргари Россия ва оммаи пролетарӣ ва нимпролетарии халқҳои мазлумро барои ҳокимияти Советҳо муайян намуд.
Бо торумори корниловчигӣ давраи нави болшевиконии Советҳо оғоз ёфт. Дар як рӯзи 14 сентябри Комитети Иҷроияи Марказии Советҳо аз 126 Советҳои маҳаллӣ талабнома гирифт, ки ҳокимиятро ба даст гирад. Партия шиори «Тамоми ҳокимият ба Советҳо!»-ро аз нав ба миён гузошт. Аммо мазмуни ин шиор комилан тағйир ёфта буд. Дар шароити нав ин шиор даъват мекард, ки Советҳои револютсионии болшевикӣ ба органҳои шӯриш ба муқобили Ҳукумати муваққатӣ, ба органҳои мубориза барои барқарор кардани диктатураи пролетариат табдил дода шаванд. Зиёда аз 250 Советҳои мамлакат ба тарафдории шиори болшевикии «Тамоми ҳокимият ба Советҳо!» фикр баён карданд. Ҳукумати муваққатӣ бо ҳар восита мекӯшид, ки ҳокимиятро дар дасташ нигоҳ дорад. Бо ин мақсад вай 14 сентябр Россияро республика эълон карда, барои идора кардани он Директория («Совети панҷнафара» бо сардории Керенский) барпо намуд. Ҳукумати муваққатӣ Директорияро ба халқ чунин қаламдод мекард, ки гӯё он бо кадетҳо — ташкилотчиёни корниловчигӣ алоқае надорад. Эсерҳо ва меншевикон бо буржуазия забон як карда, бо мақ-сади нигоҳ доштани Ҳукумати муваққатӣ ба ҷои съеэди Советҳо Маҷ-лиси машваратии демократӣ (27 сентябр) даъват намуданд, ки он Со-вети муваққатии республика (пешпарламент) ҷудо кард. Болшевикон пешпарламентро бойкот ва моҳияти зиддихалқии онро фош карда, даъват намудани Съезди 2-юми Умумироссиягии Советҳоро талаб мекарданд ва оммаҳоро ба штурми капитализм омода месохтанд. Кӯшиши партияҳои муросокор, ки бо ёрии пешпарламент болоравии босуръати ҳаракати револютсиониро суст карданӣ буданд, барбод рафт. Дар ҳайати партияи эсерҳо қаноти чап ба вуҷуд омад, ки он охири моҳи ноябр ба партияи мустақили эсерҳои чап табдил ёфт. 8 октябр ҳукумати нави коалитсионӣ (иборат аз 6 вазири капиталист ва 10 вазири «сотсиалист»), барпо карда шуд, ки ба он Советҳои болшевикии револютсионӣ қатъиян эътироз карданд.
Масъалаҳои кризиси умумимиллӣ ва тайёр кардани шӯриши мусаллаҳ дар асарҳои Владимир Илич Ленин «Давлат ва револютсия», «Хатари таҳлука ва чораҳои пешгирӣ кардани он», «Оё болшевикон ҳокимияти давлатиро нигоҳ дошта метавонанд?», «Кри-зис пухта расид», мактубҳо ба Комитети Марказӣ ва ғайра ҳаматарафа баён карда шуданд. Вазъияти фарорасидаро амиқ таҳлил карда, Ле-нин ба чунин хулоса омад, ки «кризис пухта расидааст»: «поёниҳо» ди-гар ба тарзи кӯҳна зиндагонӣ кардан намехоҳанд, «болоиҳо» бошанд, дигар ба тарзи кӯҳна роҳбарӣ карда наметавонанд.
Дар ибтидои тирамоҳи 1917 барои ғалабаи револютсияи сотсиалистӣ шароит пухта расид. Муваффақияти он ба фаъолияти сиёсӣ ва ташкилотчигии партияи болшевикон, ба сиёсати дурусти вай вобаста буд. Сентябри 1917 Владимир Илич Ленин таҳти унвони: «Болшевикон бояд ҳокимиятро ба даст гиранд», «Марксизм ва шӯриш» ба Комитети Марказӣ, комитетҳои Петроград ва москвагии Российская Социал-Демократичкская Партия Российская Социал-Демократичкская Партия Российская Социал-Демократичкская Партия РСДРП(большевиков) мактуб навишт. Дар ин мактубҳо вай нақшаи тайёр кардан ва ба амал баро-вардани шӯриши мусаллаҳро ка-шцд. 23 окт. таҳти роҳбарии Ленин дар маҷлиси Комитети Марказии Российская Социал-Демократичкская Партия Российская Социал-Демократичкская Партия РСДРП(большевиков) масъалаи шӯриши яроқнок муҳокима шуд. Маҷлис дар бораи пухта расидан ва ногузирии шӯриш резолютсияи ленинь қабул кард (Каменев ва Зиновев ба он муқобил баромаданд). 25 октябр дар назди Совети Петроград Комитети ҳарбӣ-револютсионӣ (КҲР) барпо карда шуд, ки он штаби асосии тайёр кардани шӯриши мусаллаҳ гардид. 29 октябр маҷлиси васеи Комитети Марказии Российская Социал-Демократичкская Партия РСДРП(большевиков) барпо гардид, ки он бо якҷоягии коркунони роҳбарикунандаи партиявии Петроград, инчунин намояндагони иттифоқҳои касаба ва ташкилотҳои ҳарбӣ масъалаи тайёр кардани шӯриши мусаллаҳро муҳокима намуд. Маҷлис қарори Комитети Марказиро аз 23 октябр дар бораи шӯриши мусаллаҳона тасдиқ кард. Дар маҷлиси Комитети Марказӣ Маркази ҳарбӣ-револютсионии партиявӣ интихоб карда шуд, ки он бояд ба шӯриш роҳбарӣ менамуд. Ба ҳайати он А. С. Бубнов, Ф. Э. Дзержинский, Я. М. Свердлов, И. В. Сталин, М. С. Урицкий дохил мешуданд. Маркази партиявӣ ба ҳайати Комитети ҳарбӣ-револютсионӣ КҲР ҳамчун ядрои роҳбарикунанда дохил мешуд. Тамоми кори тайёр кардани шӯриш зери роҳбарии бевоситаи Владимир Илич Ленин мегузашт. Дар ташкили кори Комитети ҳарбӣ-револютсионӣ КҲР оид ба тайёр ва гузаронидани шӯриши мусаллаҳ В. А. Антонов-Овсеенко, С. И. Гусев, П. Б. Дыбенко, К. С. Еремеев, И. В. Крыленко, П. Б. Лазимир, М. Я. Лацнс, К. А. Мехоношин, В. И. Невский, Н. И. Подвойский, А. Д. Садовскнй, Г. И. Чудновский ва дигар хизмати калон карданд.
Партияи болшевикӣ дар шӯриши мусаллаҳи Октябр ба қувваҳои бузурги мусаллаҳ такя мекард. Пешсафи онҳо Гвардияи сурхи Петроград буд, ки сафҳои он дар ҷараёни мубориза то 40 ҳаор нафар афзуд. 200 ҳазор нафар Гвардиячиёни сурхи дигар шаҳрҳои Россия тайёр буданд, ки ин қувваи пешсафи мусаллаҳи револютсияро дастгирӣ кунанд. Дар оғози шӯриш шумораи аскарони револютсионии гарнизони Петроград мувофиқи маълумотҳон Комитети ҳарбӣ-револютсионӣ КҲР ба 160 ҳазор нафар расид. Флоти Балтика, ки ба тарафи болшевикон гузашта буд, бештар аз 80 ҳазор нафар матросҳо ва қариб 700 киштии ҷангию ёрирасон дошт. Аз паси онҳо миллионҳо нафар аскарони револютсионии фронт (махсусан фронтҳои Шимолӣ ва Ғарбӣ) ва гарнизонҳои ақибгоҳ мерафтанд. Ин қувваҳо ба коргарони инқилобӣ ва деҳқонони камбағали мамлакат, ки ба дигаргунсозиҳои револютсиони бисёр манфиатдор буданд, такя менамуданд.
Ҳукумати муваққатӣ ба меншевикон ва эсерҳо такя намуда, қув-ваҳон зиддиинқилобиро ҷамъ мекард, аммо қувваҳои револютсионӣ бартарии бузург доштанд. Аҳволи Ҳукумати муваққатӣ танг буд.
Дар рӯзҳои ҳалкуналдаи мубориза барои Ҳокимияти Советӣ баъзе аъзоёни Комитети Марказии партия ва Комитети ҳарбӣ-револютсионӣ КҲР дар масъалаи зудтар ташкил кардани шӯриши мусаллаҳ калавиш ва дудилагӣ зоҳир намуданд. Каменев дар газетаи «Новая жизнь» аз номи худаш ва Зиновьев изҳорот дарҷ кард, ки аз қарори Комитети Марказӣ дар хусуси шуриши мусаллаҳ норозианд. Ленин ба ин изҳорот ҳамчун рафтори штрейк-брехерӣ баҳо дода, зудтар аз партия рондани Каменев ва Зиновевро талаб кард. Троский бошад, ба роҳи ленинӣ зид баромад, арз кард, ки то кушода шудани Съеэди 2-юми Советҳо шӯриш мавқуф гузошта шавад. Владимир Илич Ленин бегоҳии 6 ноябрь ба аъзоёни Комитети Марказӣ чунин мактуб навишт: «Рафиқонро бо тамоми қувва бовар мекунонам, ки ҳозир ҳама чиз дар болои қил истодааст ва дар навбат масъалаҳое истодаанд, ки на бо маҷлисҳои машваратӣ, на бо съездҳо (ҳатто на бо съездҳои Советҳо), балки танҳо аз тарафи халқҳо, аз тарафи омма, бо муборизаи оммаи мусаллаҳ ҳал карда мешаванд» (Асарҳо, ҷилди 26, саҳифаи 234).
6 ноябр Шӯриши мусаллаҳ сар шуд. Ленин ба Смолний—штаби револютсия омад ва ба шӯриш бевосита сардорӣ кард. Гвардиячиёни сурх, аскарони инқилобӣ даставвал кӯпрукҳои дарёи Нева ва нуқтаҳои муҳимтарини дохили шаҳрро зери назорат гирифта, роҳҳои Петроградро ба даст дароварданд ва пеши роҳи қувваҳои контрреволютсиониеро, ки аз фронтҳо даъват шуда буданд, гирифтанд. То пагоҳии 25 октябр (7 ноябр) вокзалҳо, стансияҳои электрӣ, банкҳои давлатӣ, почтаю телефон ва дигар муассисаҳои асосии ҳукуматӣ ишғол карда шуданд.
Соати 10 пагоҳии 7 ноябр Комитети ҳарбӣ-револютсионӣ КҲР дар бораи ғалабаи револютсия бо хитобномаи «Ба гражданинҳои Россия!» муроҷиат кард. Хитобномаро Владимир Илич Ленин навишта буд. Дар он гуфта мешуд, ки Ҳукумати муваққатӣ сарнагун карда шуд ва ҳокимият ба дасти органи Совети депутатҳои коргарон ва солдатҳои Петроград — Комитети ҳарбӣ-револютсионӣ КҲР гузашт. Худи ҳамон рӯз соати 10 ва 40 дақиқаи бегоҳӣ дар Смолний Съезди 2-юми Умумироссиягии Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳо кушода шуд, ки он аз номи халқи меҳнаткаш ба дасти Со-ветҳо гузаштани тамоми ҳокимиятро эълон кард. Соати 2 ва 10 дақиқаи шаби 26 октябр (8 ноябр) Қасри зимистонӣ ишғол карда шуд; вазирони Ҳукумати муваққатӣ ба ҳабс гирифта шуданд. Шӯриши мусаллаҳи Октябр ғалаба кард. 26 октябр (8 ноябр) мувофиқи маърӯзаи Ленин съезди Советҳо Декрети сулҳ ва Декрети заминро қабул кард. Съезд Комитети Иҷроияи Марказии Умумироссиягӣ КИМУ (Всеросийский Центральный Исполнительный Комитет ВЦИК) интихоб кард ва аввалин Давлати Советӣ—Совети Комиссарони Халқро бо сардории Владимир Илич Ленин барпо намуд.
Қувваҳои аксулинқилобӣ бо сардории Керенский, Краснов ва сардори штаби фармондеҳии олӣ Духонин бо нияти сарнагун кардани Ҳокимияти Советӣ исён бардоштанд, ки онро қувваҳои револютсионӣ 31 октябр (13 ноябр) пахш карданд.
Пас аз ғалабаи шӯриш дар Петроград дар Москва низ муборизаи мусаллаҳ оғоз ёфт. Қувваҳои револютсионӣ ба муқобилати сахти контрреволютсия дучор шуданд. Якчанд рӯз Задухӯрдҳои шадид давом кард. 2 (15 ноябр) дар Москва Ҳокимияти Советӣ барпо карда шуд.
25—27 октябр (7—9 ноябр) Ҳокимияти Советӣ дар Минск, Кронштадт, Иваново-Вознесенск, Луганск, Қазон, Ростови Дон, Екатеринбург, Ревел, Самара, Саратов; 31 октябр (13 ноябр) дар Боку, 1 (14) ноябр дар Тошкент, 18 ноябр (1 декабр) дар Владивосток ғалаба кард. Аз 25 то 31 октябр (7— 13 ноябр) дар 17 шаҳри губерниягӣ ва то охири моҳи ноябр дар 28 шаҳри губерниягӣ ва муҳимтарин мар-казҳои саноатӣ ҳокимият ба дасти Советҳо гузашт. Револютсия, ки дар марказ оғоз ёфта буд, барқвор ба тамоми мамлакат паҳн шуд.
Дар бисёр шаҳру районҳо Ҳокимияти Советӣ бо роҳи осоишта, бе хунрезӣ барқарор карда шуд. Дар он ҷойҳое, ки синфҳои истисморгар ҷанги гражданӣ сар карданд, Ҳукумати Советӣ маҷбур буд қувваҳои мусаллаҳро ба кор барад. Дар роҳи барқарор намудани Ҳокимияти Советӣ дар Закавказия, Осиёи Миёна, Қазоқистон ва дигар районҳои миллӣ душвориҳои калон мавҷуд буданд. Ақибмонии иҷтимоӣ-иқтисодии ин ҷоҳо, камшуморӣ, сустии пролетариати маҳаллӣ ва ташкилотҳои болшевикӣ, фишори зӯри империализми байналхалқӣ муборизаи халқҳои ғайрирусиро барои ҳокимияти Со-ветҳо душвор мегардонид. Партияи болшевикӣ ба муқобили контрре-волютсияи буржуазӣ-помещикӣ фронти ягонаи ҳамаи халқҳои Россияро барпо намуд. 2 (16) ноябр 1917 Ҳукумати Советӣ «Декларасияи ҳуқуқҳои халқҳои Россия»-ро қабул кард. Дар ин ҳуҷҷати муҳим асоси сиёсати миллии ленинии Давлати Советӣ ифода ёфт. Декларасия ба зулму харобот хотима дода, баробарӣ ва соҳибихтиёрии миллии тамоми халқҳои мамлакатамонро эълон кард, ба онҳо то ҳадди ҷудо шуда ташкил намудани давлати мустақил ҳуқуқи худмуайянкунӣ дод, ҳама гуна имтиёз ва маҳдудияти миллӣ, диниро бекор кард, инкишофи озодонаи ҳамаи халқҳою миллатҳо ва гурӯҳҳои этникии сокини Россияро таъмин намуд. 20 ноябр (3 декабр) Совети Комиссарони Халқ бо хитобномаи «Ба ҳамаи мусулмонони Россия ва Шарқ» ҳама гуна шартномаҳон нобаробарӣ, сиёсати зулму. ситамро бекор кард. Давлати Советӣ халқҳоро ба тарафдорӣ кардани револютсияи сотсиалистӣ ва барпо намудани Ҳокимияти Советӣ даъват намуд. Ҳукумати Советӣ 3 (16) декабр барои халқи Украина ма-нифест қабул кард, ки дар он соҳибихтиёрии Украина шинохта шуд. 11 (24) декабр Съезди 1-уми умумиукраинӣ ғалабаи Ҳукумати Советиро дар Украина эълон кард ва ба ташкилёбии Республикаи Советии Сотсиалистии Украина ибтидо гузошт. 18 (31)декабр истиқлолияти Финляндия эътироф карда шуд. Халқи бузурги рус ба тамоми халқҳои бародари мамлакатамон дар муборизаи онҳо барои барпо намудани Ҳокимияти Советӣ ёрии беғаразона расонд.
Қувваҳои аксулинқилобӣ дар баъзе районҳои мамлакат ба Ҳукумати Советӣ муқобилият нишон медоданд. Моҳҳои ноябр 1917— феврали 1918 отрядҳои гвардиячиёни сурхи Москва, Петроград, баҳрнавардони Балтика бо ҳамроҳии коргарони Донбасс, Ростов, Харков ва дигар шаҳрҳо исёни атаман Калединро дар Дон фурӯ нишонда, Радаи контрреволютсионии марказии Украинаро торумор карданд. Моҳҳои декабр 1917 — январи 1918 исёни атаман Дутов дар Урали Ҷанубӣ пахш карда шуд. Синфи коргари рус дар барпо намудани Ҳокимияти Советӣ ба халқҳои Қазоқистон ва Осиёи Миёна низ дасти ёрӣ дароз кард. Аз 1917 то январи 1918 Ҳукумати Советӣ дар тамоми Россия барпо шуда, дар губернияҳои марказӣ, Украина, Прибалтика, Белоруссия, Кавкази Шимолӣ, Сибир, Осиёи Миёна ва районҳои дигари мамлакат ғалаба кард. Дар Закавказия бошад, мубориза барои Ҳокимияти Советӣ то солҳои 1920—21 давом кард.
Дар натиҷаи ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр Партияи коммунистӣ партияи ҳукмрон гардид. Синфи кор-гар бошад, аз синфи мазлум ва истисморшаванда ба синфи ҳоким таб-дил ёфт. Давлати нав — давлати диктатураи пролетариат барпо карда шуд. Револютсия давлати буржуазӣ-помешикиро дарҳам шикаста, синфҳои истисморгар ва партияҳои онҳоро аз аслиҳаи пурзӯри мубориза барои аз нав барқароркунии тартиботи кӯҳна маҳрум сохт.
Ҳокимияти Советӣ дар фаъолияти худ ба Советҳо, ки шакли давлатии диктатураи пролетариат гардида буданд, ба комитетҳои ҳарбӣ-револютсионии солдатҳо, комитетҳои фабрикӣ-заводӣ, ба иттифоқҳои касаба, отрядҳои Гвардияи сурх, полкҳои револютсионӣ, ба қувваи бузурги эҷодии коргарон, аскарони револютсионӣ ва деҳқонон, интеллигенсияи меҳнатӣ такя мекард. Барои ба муқобили контрреволютсия ва саботаж мубориза бурдан 7 (20) декабр 1917 дар назди Совети Комиссарони Халқ Комиссияи фавқулоддаи умумирос-сиягии мубориза ба муқобили контрреволюсия ва саботаж (Всероссийская чрезвычайная комиссия ВЧК) барпо карда шуд. 22 ноябр (5 декабр) декрет дар бораи суд имзо гардид. Дар асоси декрети Совети Комиссарони Халқ аз 16 (29) декабр армияи кӯҳна демократӣ кунонида шуда, тамоми ҳокимият дар армия ба дасти Комитетҳои солдатҳо ва Советҳо гузашт, тартиби интихобӣ будани ҳайати фармондеҳӣ ҷорӣ гардид; мансабҳои кӯҳна, унвонҳо ва орденҳо бекор карда шуданд. 15 (26) январи 1918 дар бораи ташкил кардани Армияи Сурхи Коргару Деҳқон, 29 январ (11 феврал) 1918 дар бораи ташкил кардани Флоти Сурхи Коргару Деҳқон декретҳо қабул карда шуданд. Бунёд намудани Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз ёфт.
Ҳокимияти Советӣ ба дигаргунсозии азими сотсиалистии иқтисодиёти мамлакат сар кард. Баъди миллӣ кунонидани замин ва ба моликияти умумихалқӣ табдил додани он 27 ноябр; 1917 дар бораи ҷорӣ кардани назорати коргарӣ аз болои истеҳсолот ва тақсимот қарор бароварда шуд. Аз моҳи ноябр милликунонии корхонаҳои давлатӣ (Обухов, Балтика, Ижор ва дигар заводҳо), роҳҳои оҳан ва бисёр дигар корхонаҳои хусусӣ сар шуд. Барои роҳбарӣ ба хоҷагии халқ 15 декабр Совети Олии Хоҷагии Халқ (Высший Совет Народного Хозяйства ВСНХ) барпо карда шуд, 27 декабр Комитети Иҷроияи Марказии Умумироссиягӣ КИМУ дар бораи миллӣ кунонидани банкҳои хусуси декрет қабул кард. 18 январ 1918 Ҳукумати Советӣ Маҷлиси муассисон даъват кард. Азбаски интихоби он (моҳи ноябр) аз рӯи рӯйхатҳои кӯҳнаи партиявӣ гузаронда шуд, аксарияти вакилони маҷлис намояндагони партияҳои меншевикон, эсерон, кадетҳо ва ғайра буданд ва онҳо аз тасдиқи «Декларасияи ҳуқуқҳои халқи меҳнаткаш ва истисморшаванда»-и ленинӣ, декретҳо дар бораи сулҳ, дар бораи замин даст кашиданд. Аз ин сабаб 19 январ бо қарори Комитети Иҷроияи Марказии Умумироссиягӣ КИМУ Маҷлиси муассисон аз эътибор соқит дониста шуд.
Январи 1918 Съезди 3-юми Умумироссиягии Советҳо Декларасияи ҳуқуқҳои халқи меҳнаткаш ва истисморшавандаро қабул намуд, ки он ташкилёбии Республикаи Советии Федеративии Социалистии Россия (РСФСР)-ро қонунан ба расмият даровард. Декларасия вазифаҳои асосии Ҳокимияти Советиро муайян намуд: нест кардани ҳама гуна истисмор, бераҳмона пахш намудани истисморгарон, ташкили сотсиалистии ҷамъият ва барпо кардани со-тсиализм.
Бо мақсади аз банди асоратовари тобеияти молиявӣ раҳо додани мамлакат бо декрети Комитети Иҷроияи Марказии Умумироссиягӣ КИМУ 3 феврали 1913 тамоми заёмҳои хориҷӣ ва дохилии ҳукумати подшоҳӣ ва Ҳукумати буржуазии муваққатӣ бекор карда шуданд. 22 апрели 1918 савдои хориҷӣ, 5 феврал 1918 флоти тиҷоратӣ,. 4 сентябр 1918 роҳи оҳани хусусӣ миллӣ кунонида шуданд. 28 июни 1918 дар бораи милликунонии тамоми саноати калон декрет қабул карда шуд.
Ҷамъиятӣ кунонидани воситаҳои истеҳсолот дар саноат, дастраси умум гардонидани онҳо маънои табаддулоти револютсиониро дошт. Вай асоси тарзи капиталистии истеҳсолотро вайрон карда, сектори сотсиалистии хоҷагии халқро дар саноат барпо намуд, ки дар он муносибатҳои истеҳсолии буржуазӣ нест карда шуда, муносибатҳои сотсиалистии истеҳсолот барқарор гардиданд. Дар хоҷагии қишлоқ, ки дар он 15— 16 миллион хоҷагиҳои деҳқонон мавҷуд буданд, воситаҳои истеҳсолотро якбора ҷамъиятӣ гардондан имконнопазир буд. Миллӣ карда шудани замин ва ҷамъиятӣ гардидани воситаҳои’ истеҳсолот дар саноат барои тадриҷан ба роҳи сотсиализм даромадани оммаҳои миллионнафарии деҳқонони меҳнаткаш шароити зарурӣ муҳайё намуданд.
Ғалабаи Револбтсияи Октябр дар соҳаи маданият низ табаддулоти қатъӣ ба амал овард. Мактабҳо, университетҳо, китобхонаҳо, театрҳо, музейҳо дастраси халқ гардиданд. Маҳви бесаводӣ дар байни аҳолии калонсол вусъат ёфт. Револютсияи маданӣ авҷ гирифт.
Тадбирҳои Ҳокимияти Совети решаҳои қувваи буржуазия, помешикон, мансабдорони иртиҷойӣва партияҳои контрреволютсиониро комилан заиф, иқтидори иқтисодии синфҳои сарнагуншударо сусту бемадор кард; марказҳои муҳимтарини роҳ-барият ба дасти Ҳокимияти Советӣ гузашт.
Дигаргунсозиҳои сотсиалистӣ дар соҳаи иқтисодиёт, саноат ва маданият возеҳу равшан нишон доданд, ки Ҳокимияти Советӣ ҳокимияти ҳақиқатан халқӣ буда, вай танҳо манфиатҳои меҳнаткашонро ифода мекунад. Ҳокимияти Советӣ аз аввалин рӯзҳои фаъолияти худ барои сулҳ мубориза бурд. Сиёсати сулҳ-дӯстӣ асоси мустаҳкаму пойдори сиёсати минбаъдаи вай гардид. 3 марти 1918 бо Германия ва иттифоқчиёни вай сулҳ баста шуд, ки он дар таърих бо номи Сулҳи Брест машҳур аст. Республикаи Советӣ аз Ҷанги якуми ҷаҳонӣ баромад.
Барои вусъати сохтмони сотсиалистӣ фурсати осоишта фаро расид.
Ленин дар асараш «Вазифаҳои навбатии Ҳокимияти Советӣ» ташкили баҳисобгирӣ ва назорати умумихалқӣ, мубориза барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, ба роҳ мондани мусобиқаи сотсиалистӣ, дар одамон парваридани интизоми нави пролетарӣ, дар корхонаҳо ҷорӣ кардани яккасардорӣ, ба амал баровардани ҳисоби хоҷагӣ ва ғайраро вазифаҳои таъхирнопазири умумихалқии оғози сохтмони сотсиалистӣ меҳисобид. Дар деҳот Ҳокимияти Советӣ дар ин давра сиёсати татбиқ кардани дигаргунсозиҳои аграрии Револютсияи Октябрро пеш гирифт. Мувофиқи декрет дар бораи замин деҳқонон 150 миллион гектар заминро бебозгашт ба истифода гирифтанд. Баҳори 1916 дар рафти вусъати минбаъдаи револютсияи сотсиалистӣ дар деҳот муборизаи синфии байни деҳқонони камбағал ва кулакон тезутунд гардид. Кулакҳо дар шароити таназзули умумии хоҷагӣ саботажҳои зиддисоветӣ ташкил карда, кори ғаллатайёркунии давлатиро вайрон мекарданд, ки боиси гуруснагӣ мегардид. Бинобар ин, чунон ки Владимир Илич Ленин мегуфт, дар ин давра мубориза барои ғалла мубориза барои сотсиализм буд. 11 июни 1918 Комитети Иҷроияи Марказии Умумироссиягӣ КИМУ дар бораи дар деҳот ташкил кардани Комитетҳои камбағалон қарор қабул кард. Аз коргарони пешқадами Москваю Петроград ва дигар шаҳрҳо ба деҳот отрядҳои ғаллатайёркунӣ фиристода шуданд. Дар натиҷаи дигаргунсозиҳои аграрӣ аҳволи деҳқонони меҳнаткаш беҳтар гардид, просесси миёнаҳолшавии деҳқонон шурӯъ шуд. Ба тарафи Ҳокимияти Советӣ ҷалб намудани деҳқонони миёнаҳол ба минбаъда мустаҳкамшавии иттифоқи синфи коргар ва деҳқонони меҳнаткаш мусоидат кард.
4—10 июли 1918 Съезди 5-уми Умумироссиягии Советҳо барпо гардид, ки он (10 июл) нахустин конститутсияи советӣ — Конститутсияи Республикаи Советии Федеративии Социалистии Россия РСФСР-ро қабул кард. Ин конститутсия сохти ҷамъиятӣ ва давлатии сотсиалистиро, ки Револютсияи Октябр ба вуҷуд оварда буд, ба ҳукми қонун даровард.
Қувваҳои муттаҳидаи империалистони хориҷӣ ва буржуазияи контрреволютсионии дохилӣ ба муқобили дигаргунсозиҳои Мамлакати Советӣ баромаданд (Ҷанги гражданӣ ва интервенсияи ҳарбии солҳои 1918—20).
Халқи советӣ бо роҳбарии Партияи коммунистӣ дар муборизаи шадид бо контрреволютсияи дохилию хориҷӣ музаффариятҳои Октябри аъзамро ҳимоя кард, нахустин давлати сотсиалистии ҷаҳонро ҳифз кард ва пойдор гардонид.