Маълумоти охирин
Главная / Техника / РЕВОЛЮТСИЯИ ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

РЕВОЛЮТСИЯИ ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ

ilm-texnika

РЕВОЛЮТСИЯИ ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ, тағйироти сифатӣ ва куллии қувваҳои истеҳсолкунанда дар заминаи инкишофи илм ва прогресси техникӣ. Солҳои 30—50 асри 20 сар задааст. Револютсияи илмию техникӣ инкишофи илму техникаро тезонида, ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъият таъсир мерасонад. Револютсияи илмию техникӣ дорои хусусиятҳои зер аст: кашфиётҳои бузурги илмию техникӣ, дигаргуниҳои технологӣ ва ба қувваи бевоситаи истеҳсолкунанда табдил ёфтани илм; ба омили асосии прогресси иқтисодию иҷтимоӣ табдил ёфтан ва характери умумӣ гирифтани илм; тағйири сифатии қувваҳои истеҳсолкунанда, олоти меҳнат, истеҳсолот ва худи коргарон; тағйири моҳият ва мазмуни меҳнат, афзудани роли унсурҳои эҷодӣ дар он; ба вуҷуд омадани заминаҳои моддию техникӣ барои бартараф намудани тафовути меҳнати фикрию ҷисмонӣ, фарқи байни шаҳру қишлоқ, соҳаҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ; ба вуҷуд овардани манбаъҳои тозаи қувва, моддаҳои маснӯӣ ва ғайра; афзудани аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоии воситаҳои ахбор барои назорат ва роҳбарӣ ба истеҳсолоти ҷамъиятӣ; баландшавии дараҷаи маълумоти умумию касбӣ ва мадании меҳнаткашон, афзудани вақти холӣ; афзудани таъсири мутақобили илмҳо, тадқиқотҳои комплексӣ, баланд шудани мақоми илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва шиддат гирифтани муборизаи идеологӣ; тезу тунд шудани «масъалаҳои экологӣ» ва пеш омадани зарурати танзими системаи «ҷамъият — табиат» ва ғайра. Револютсияи илмию техникӣ  барои пайдоиши системаи ягонаи соҳаҳои муҳими фаъолияти инсон, аз қабили маърифати назариявии қонуниятҳои табиату ҷамъият (илм), воситаҳои комплексии техникӣ ва таҷрибаи таъсиррасонӣ ва дигаргунсозии табиат (техника), просесси ба вуҷудоии неъматҳои моддӣ (истеҳсолот) ва воситаҳои оқилонаи байниҳамдигарии амалӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоварад.

Револютсияи илмию техникӣ  аз робитаи мутақобилаи ду револютсия — револютсияи умумиилмӣ ва револютсияи техникӣ иборатанд. Ҷиҳатҳои дигари инкишофи Револютсияи илмию техникӣ  ба мисли автоматонӣ ва механиконии комплексӣ, истеҳсоли моддаҳои маснӯъ, химиконӣ ва электриконӣ дар рафти револютсияи мазкур пайдо шуда, минбаъд барои ба вуҷуд омадани ҷиҳатҳои дигари он мусоидат мекунад.

Дигаргунисозиҳои револютсионие, ки дар илму техника ва вобаста ба он дар истеҳсолоти ҷамъиятӣ ба амал меоянд, суръати прогресси ҷамъиятӣ, сохтмони сотсиализм ва коммунизмро дар мамлакатҳои гуногун метезонанд. Муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар мамлакатҳои капиталистӣ ва сотсиалистӣ ҳукмронанд, ба характер ва қувваҳои ҳаракатдиҳандаи револютсияи мазкур ий дар миқьёси умумиҷаҳонӣ ва яи дар ҳудуди ҳар як системаи нҷтнмой ва давлатҳои алоҳида таъсири муайян мерасонанд. Аа ин рӯ, оқибатҳои иҷтимоии он дар мамлакатҳои сохти давлатиашон гуногуп мухталифанд.

Револютсияи илмию техникӣ  ба ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳои тараққикунанда низ таъсири муҳим мерасонад. Он дар назди ин мамлакатҳо вазифаи интихоб намудани роҳҳои инкишофи ҷамъият, барқарор намудани чунин муносибатҳои иҷтимоию иқтисодие масъала мегузорад, ки аз комёбиҳои прогресси илмию техникь истифода бурда, дар муддати кӯтоҳи таърихь қафомонии иҷтимоию иқтисодӣ ва техникии худро барҳам дода, ба прогресси ҷамъиятӣ ноил шаванд.

Мавқеи иҷтимоии илму техника, тарзи истифодаи онҳо дар шароити сотсиализм ба мазмуну хусусияти муносибатҳои истеҳсолии сотсиалистӣ алоқаманд аст. Қонунҳои иқтисодии сотсиализм барои инкишофи босуръати Револютсияи илмию техникӣ   шароитҳои зарурии объективие муҳайё мекунанд, ки на фақат прогресси илму техника, балки прогресси тамоми ҷамъиятро низ таъмин мекунанд. Аҳамияти иҷтимоии Револютсияи илмию техникии муосир боз дар он ифода меёбад, ки вай омили пешбаранда ва базаи моддии прогрес-си револютсионии ҷамъият низ мебошад.

Адабиёт: М а р к с Карл, Сарсухан ба «Доир ба танқиди иқтисоди сиёсӣ». Маркс Карл ва Энгелс Фридрих„ Асарҳо, мундариҷаи, ҷилди 1, Душанбе, 1963; А ф а н а с ь е в В. г., Научно-техническая революция, управление, образование, Москва„ 1972; Научно-техническая ре-волюция и социализм, Москва„ 1973.

С. Наврӯзов, К. Ёқубов.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …