Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ ИҶТИМОӢ

РЕВОЛЮТСИЯИ ИҶТИМОӢ

РЕВОЛЮТСИЯИ  ИҶТИМОӢ, воситаи гузариш аз як формасияи ҷамъиятию иқтисодии таърихан фарсуда ба форматсияи нисбатан прогрессивӣ, тағйироти амиқи сифати дар тамоми ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ҷамъият. Назарияи илмии Револютсияи иҷтимоиро аввалин бор Карл Маркс таҳия кардааст. Ӯ дар сарсухани «Доир ба танқиди иқтисоди сиёсӣ» ном асараш менависад, ки қувваҳои истеҳсолкунандаи моддии ҷамъият дар зинаи муайяни инкишофи худ ба муносибатҳои истеҳсолии мавҷуда зид меоянд. Ин муносибатҳо, ки пештар як шакли инкишофи қувваҳои истеҳсолкунанда буданд, акнун кишани онҳо мегарданд. Он гоҳ давраи Револютсияи иҷтимоӣ  фаро мерасад. Баробари тағйир ёфтани асоси иқтисодӣ дар тамоми надстройка дар як муддати кӯтоҳ табаддулот ба амал меояд. Дар вақти тадқиқ намудани ин гуна табаддулотҳо ҳамеша табаддулоти моддии дар истеҳсолот рӯйдодаро аз шаклҳои идеологӣ (ҳуқуқӣ, сиёсӣ, динӣ, бадеӣ ё фалсафӣ), ки одамон ин зиддиятро дар ҳамин шаклҳо дарк мекунанд ва муборизаи худро дар ҳамин шаклҳо ба анҷом мерасонанд, фарқ кардан зарур аст (Карл Маркс, Фридрих Энгелс, Асарҳо мундариҷаи ҷилди 1, саҳифаи 374).

Характер, моҳият ва мазмуни ҳар як Револютсияи иҷтимоиро шароит ва хусусиятҳои форматсияи ҷамъиятию иқтисодие муайян менамояд, ки ба ҷои ҷамъияти кӯҳна меояд. Револютсияи иҷтимоӣ  ба қадри гузаштан аз як давраи нисбатан паст ба давраи баландтари тараққиёти ҷамъият миқёсан васеъ, мазмунан амиқ ва аз ҷиҳати вазифа муракаббтар мегардад. Масалан, Револютсияи иҷтимоӣ дар давраи гузариш аз ҷамоаи ибтидоӣ ба ғуломдорӣ ва аз он ба феодалӣ стихиявӣ буда, ба воситаи шӯриш ва ҳаракатҳои оммавӣ ба амал меомад. Дар давраи гузариш аз феодализм ба капитализмРеволютсияи иҷтимоӣ тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоиро фаро мегирад ва дар амалӣ гардидани он фаъолилти бошууронаи ташкилоту партияҳои сиёсӣ нуфуз пайдо мекунад. Алалхусус дар дав-рае, ки гузариш аз капитализм ба сотсиализм ба амри қонун дарома-дааст, фаъолияти бошууронаи сиёсии пролетариат омил ва шарти за-рурии инкишоф ва ғалабаи Револютсияи иҷтимоӣ мегардад. Револютсияи сотсиалистӣ шакли олии таҷассуми Револютсияи иҷтимоӣ  мебошад, зеро маҳз тавассути он инсоният аз ҳама гуна шакли истисмор озод гашта, барои сохтмони ҷамъияти коммунистӣ имкониятҳои реалӣ пайдо мекунад.

Зиддияти байни қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолии кӯҳна, ки дар тезу тунд шудани зиддиятҳои иҷтимӣ зуҳур меёбад, асоси иқтисодии ҳар гунаРеволютсияи иҷтимоӣ аст. Дар натиҷа зарурати бартараф намудани зиддияти байни ин ду омил ба миён меояд. Синфҳои ба ҳалли ин масъала манфиатдор дар просесси муборизаи револютсионӣ муносибатҳои истеҳсолии кӯҳнаро барҳам дода муносибатҳои нави истеҳсолиро барқарор менамоянд, ки дар навбати худ ба инкишофи қувваҳои нави истеҳсолкунанда мусоидат мекунанд. Онҳо дар айни ҳол қувваи асосии ҳаракатдиҳандаи Револютсияи иҷтимоӣ мебошанд.

Револютсияи иҷтимоӣ  маҳсули фаъолияти худсаронаи як гурӯҳи хурди одамон ё ягон фард набуда, натиҷаи ногузири шароитҳои муайяни объективӣ ва фаъолияти муташаккилу бошу-уронаи доираи васеи оммаи халқ бо роҳбарии партияҳои сиёсӣ мебо-шад.

Ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ вазифаи асосии ҳар як Револютсияи иҷтимоӣ  мебошад. «Аз дасти як с и н ф ба дасти синфи дигар гузаштани ҳокимияти давлатӣ, чӣ дар маънон қатъиян илмӣ ва чӣ дар маънои амалӣ-сиёсии ин мафҳум, аломати аввалин, муҳимтарин, асосии револютсия мебошад» (Ленин Владимир  Илич Асарҳо, ҷилди 24, саҳифаи 26). Револютсияи иҷтимоӣ чун зарурияти таърихӣ ва муборизаи оштинопазири синфӣ вобаста ба шароитҳои конкретию таърихии мамлакат дар шаклҳои шӯриши мусаллаҳ, табаддулоти сиёсӣ, ҷанги гражданӣ ва шаклҳои осоиштаи мубориза ба амал омада метавонад. Партияҳои Коммунистӣ, алалхусус Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС, назарияи Револютсияи иҷтимоии  сотсиалистиро эҷодкорона инкишоф дода, мазмунашро ғанӣ мегардонанд. Назарияи марксистию ленинӣ бар хилофи шаклҳои мухталифи идеологияи буржуазӣ (ислоҳотчигӣ, ревизионизм) Револютсияи иҷтимоиро омили муҳими инкишофи ҷамъият ва прогресси сиёсӣ медонад. Алалхусус баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр, ки барои гузариши инсоният аэ капитализм ба сотсиализм шароит фароҳам омад, ин ҷиҳати Револютсияи иҷтимоӣ  аҳамияти хос пайдо кардааст. Нигаред, низ Револютсияи демократию халқӣ, Револютсияи озодихоҳии миллӣ.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …