Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / РЕВОЛЮТСИЯИ БУРЖУАЗИИ АСРИ 16 ДАР НИДЕРЛАНД

РЕВОЛЮТСИЯИ БУРЖУАЗИИ АСРИ 16 ДАР НИДЕРЛАНД

r-b-16-niderland

РЕВОЛЮТСИЯИ  БУРЖУАЗИИ АСРИ 16 ДАР НИДЕРЛАНД, револютсияи буржуазии солҳои 1566—1609 дар Нидерланд (дар сарзамини ҳозираи Нидерланд, Белгия, шимол шарқи Франсия ва Люксембург), ки ба ҳайати давлати Испания дохил буд; дар як вақт ду вазифаро иҷро кард: муборизаи зидди феодализм ва ҷанги миллии озодихоҳӣ ба муқобили мутлақияти Испания буд, ки ба инкишофи муносибатҳои капиталистӣ дар Нидерланд монеъ мешуд. Ин ре-волютсия расман ба муқобили калисои католикӣ (такягоҳи асосии Ис-пания) нигаронида шуда, дар зери байрақи калвинизм гузашт. Рево-лютсия аз шӯриши халқии августи 1566 (ба ном шӯриши аҳли бут) оғоз ёфт. Қӯшунҳое, ки ҳукумати Испания зери роҳбарии герсог Алба фиристода буд, қатли ом ва мусодираи молу мулкро сар карданд. Ҷа-вобан ба ин оммаи халқ муқобилати қаҳрамонона нишон дод: ҳара-кати партизании гёзҳои ҷангалнишин ва баҳрнавард ниҳоят авҷ ги-рифт. Соли 1567 дар шимоли Нидерланд шӯриши умумӣ сар зад. Буржуазияи калон аз авҷи ҳаракати револютсонӣ тарсида, ҳокимиятро ба шоҳзода Вилгелм Оранский дод (тирамоҳи 1572). Дар охири солҳои 70 дар ҷануби Нидерланд — дар Брюссел, Гент, Ипр, Алтверпен ва дигар шаҳрҳо низ шӯришҳои халқӣ ба амал омада, органҳои револютсионии ҳокимият—«Комитетҳои 18-нафара» ташкил ёфтанд. Ҳаракати деҳқонон ба муқобили феодалон авҷ гирифт. Тирамоҳи 1578 дворянҳои реаксионии католики музофоти Геннегау исёни контрреволютсионӣ бардоштанд, ба онҳо дворянҳои Артуа, Дуэ ва Орша ҳамроҳ шуданд. Онҳо соли 1579 дар асоси шартномаи Аррас дар муборизаи зидди револютсия муттаҳид шуда, бо шоҳи Испания Филиппи II шартномаи яктарафа бастанд. Музофотҳои револютсионии шимол мамлакат ҷавобан ба ин шарт-нома соли 1579 дар Утрехт уния баста, муборизаро давом доданд. Онҳо соли 1581 худро мустақил эълон карданд, вале ҷануби Нидерланд зери ҳокимияти Испания монд. Дар шимоли Нидерланд Республикаи Музофотҳои Муттаҳида ташкил ёфт, ки нахустин дар ҷаҳон давлати буржуазӣ ба шумор мерафт. Соли 1609 ба ном муторакаи дувоздаҳсола баста шуд, ки мувофиқи он Испания истиқлолияти Республикаи Музофотҳои Муттаҳидаро расман шинохт. Ин револютсия дар Европа аввалин револютсияи буржуазие буд, ки бомуваффақият анҷомид.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …