РАСАДХОНАИ АСТРОНОМИИ ҲИСОР, муассисаи тадқиқоти илмиест, ки базаи асосии мушоҳидавии Институт астрофизикаи АФ PCС Тоҷикистон мебошад; дар 18 км ҳазор шарқии шаҳри Душанбе дар наздикии Ҳисор воқеъ аст. Сохтмони он соли 1960 (то соли 1960 ин расадхона дар шаҳри Душанбе дар территорияи Институти астрофизика воқеъ буд) cap шуда, 1973 ба охир расидааст. Вазифаи асосии тадқиқотҳои илмии расадхона аз мушоҳида ва омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ (ситораҳо, сайёраҳо, кометаҳо, радифони маснӯи Замин) ва ҳодисаҳои астрономӣ (пайдоиши метеорҳо, тағйирёбии ҳолатҳои физикии қабатҳои болоии атмосфераи Замин ва ғайра) иборат аст. Дар Расадхонаи астрономии Ҳисор лабораторияҳои ионосферию радиолокатсионӣ ва шуъбаи астрометрии Институти астрофизикаи АФ РСС Тоҷикистон ҷой гирифтаанд. Дар Расадхонаи астрономии Ҳисор якчанд манораҳое сохта шудаанд, ки бо асбобҳои астрономии ҳозиразамон — телескопи астрономии оинавӣ АЗТ-8, астрографӣ 40-сантиметра, дастгоҳи астрономии дақиқ ВАУ ҷиҳозонида шудаанд. Инчунин як қатор павилонҳое мавҷуданд, ки асбобу афзори нисбатан хурди астрономӣ доранд. Расадхонаи астрономии Ҳисор дар деҳаи Санглох (райони Данғара, дар баландии 2300 м) лабораторияи астрофизикӣ дорад, ки дар он телескопрефлектор (диаметри оинааш 1 м) гузошта шудааст.
Яке аз объектҳои омӯзиши Расадхонаи астрономии Ҳисор ситораҳои тағйирёбанда мебошанд. Мушоҳидаи ин гуна ситораҳо бо усулҳои фотографӣ, спектралӣ ва фотоэлектрӣ бурда мешаванд. Объекти дигари омӯзиши расадхона тадқиқи кометаҳо ба ҳисоб меравад. Мушоҳидаи кометаҳо бо усулҳои гуногун гузаронида мешавад. Масалан, соли 1955 ходимони расадхона А. М. Бахарев комета (ба ном 1955 IV Бахарев-Макфарлан-Крипке) ва соли 1962 В. Сотиволдиев ритора (СПЗ 1359)-ро кашф кардаанд; тадқиқи кометаҳои Бениет ва Таго-Сато-Ко- сака (1970), ки бо усулҳои фотографӣ, поляриметрӣ ва спектрофотометрӣ гузаронида шуданд, дар бораи табиати физикию химиявии атмосфераи кометаҳо маълумотҳои нав доданд. Маҷмӯи антеннаҳои мураккаб ва комплекси радиоэлектрони стансияи ионосфериро ташкил медиҳанд. Дар лабораторияҳои ин стансия як қатор тадқиқотҳои геофизикӣ бурда мешаванд. Аз ҷумла, аз рӯи метеорҳо ионизатсия шудани атмосфераи Замин, суръати бодҳо дар қабатҳои нисбатан поёнии атмосфера муайян карда мешаванд. Дар шӯъбаи астрометрияи расадхона бошад, ҳаракати радифоии маснӯи Заминро мушоҳида мекунанд. Мушоҳидаи стансияҳои автоматии байнисайёравии «Луна», «Зонд» ва «Марс» ба воситаи телескопҳои Сейсс ва АЗТ-8 гузаронида шудаанд. Расадхонаи астрономии Ҳисор дар СССР ягона муассисаи астромомиест, ки дар он мушоҳидаҳои комплексии метеорҳо бурда мешаванд. Дар расадхона комплекси «наззори метеорӣ» кор мекунад, ки вай аз якчанд агрегатҳои фотографӣ иборат аст. Ходимони илмии Расадхонаи астрономии Ҳисор аз рӯи як қатор программаи байналхалқӣ — Соли бай-налхалқии геофизики (МГГ). Соли байналхалқии Офтоб (МГС) ва Соли байналхалқии Офтоби соқит (МГСС) тадқиқотҳои илмӣ бурдаанд. Натиҷаи тадқиқоти илмии Расадхонаи астрономии Ҳисор дар нашрияҳои “Бюллетен Институти астрофизикӣ» ва «Кометы и метеоры» чоп карда мешавад.
Қ. Ҳ. Саидов.