ПӮСТЛОХХӮРАКҲО (Ipidae ё Sco- Ivtidae), як оилаи гамбускҳо. Гамбускҳои майда (0,8—12 мм), сиёҳ ё сиёҳи сурхтобанд; мӯйлаби сӯзанмонанд, пойҳои чорбанда доранд. Боли болои аксарияти онҳо барои аз байни бофтаҳои дарахт роҳ кушодан хизмат мекунад. Пӯстлоххӯракҳо зероилаи заболонникҳо (гамбускҳои зери пӯстлохӣ) ва пӯстлоххӯракҳои ҳақиқиро дар бар мегиранд; умуман пештар аз 3000 намуд доранд, ки зиёда аз 300 намудашон дар СССР вомехӯранд. Дар минтақаи тайга, Кавказ ва ҷанубу Шарқи Дур намудҳои гуногуни Пӯстлоххуракҳо паҳн шудаанд. Пӯстлоххуракҳо дар рӯ ва зери пӯстлох, чӯб, реша, пояи алафҳо ва баъзе намудҳои тропикиашон дар мева ва тухми растаниҳо вомехӯранд. Пӯстлоххӯракҳо ба боғу беша зарари калон мерасонанд. Дар як сол ду маротиба насл медиҳанд. Баргҳои шохи дарахти аз Пӯстлоххӯракҳо зарардида пажмурда шуда, дарахт хушк мешавад.
Чораҳои мубориза: шохҳои аз Пӯстлоххӯракҳо зарардида ва хушкидаи дарахтро нест мекунанд, ба танаи дарахтон молидани оҳакоб, пошидани маҳлули 0,2-фоизаи карбофос ва ғайра.
Ад.: Старк В. Н., Короеды М,—Л., 1952 (Фауна СССР, Жесткорылые, т. 31).